Ширкати чехии “Aircraft Industries” рӯзи 27-уми феврал дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муаррифии ҳавопаймои “L410 NG” баргузор кард. Дар ин бора сомонаи расмии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои “L-410 NG” аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусияти беҳтаршудаи парвозиро дорад.

“Ин ҳавопаймо бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод”, - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар муаррифӣ намояндагони “LET Aircraft Industries” оид ба имконияти техникии ҳавопаймо маълумот дода, намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шудаанд.

Ба таъкиди ширкати “Сомон Эйр”, ширкати мазкур имконоти гуногуни тавсеаи парки ҳавоймоии худро барои иҷрои парвозҳои дохилӣ ва минтақавӣ баррасӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз корхонаи “LET Aircraft Industries”-и Чехия боздид намуда буд. Мақсади сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои “L410 NG” ва ҳамчунин баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.