Дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 мактаб бе директор мондааст. Баъзе директорҳо ба саволҳои оддитарини аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд. Дар ин бораи Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ, ҳафтаи гузашта иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 210 нафар директорон, омӯзгорон, мураббиён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, 503 нафар категорияи олӣ, 807 нафар категорияи якум ва 1 ҳазору 150 нафар категорияи дуюм гирифтанд.
Ба қавли Мадина Набизода, миёни нафарони аз аттестатсия гузашта, онҳое ҳам будаанд, ки натавонистаанд ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух диҳанд.
“Мутаасифона, баъзе директорони мактабҳо дар назди аъзои комиссия, ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар омада буданд, ба одитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд. Ин боис гардид, ки чандеи онҳо аз вазифаи роҳбарии мактаб сабукдӯш шуданд”, - гуфт Мадина Набизода.
Ба ин тариқ, айни ҳол дар вилояти Суғд 61 мактаб директор надоштааст ва онҳоро нафарони иҷрокунандаи вазифа роҳбарӣ мекардаанд.
“Хабарҳое, ки гӯё давр вилояти Суғд 200 мактаб бе директор аст, асос надорад. Дар вилоят ҳамагӣ 61 мактаб директор надорад, аммо бо ин вуҷуд, онҳо бесоҳиб нестанд. Ба ҷойи директорон иҷрокунандагони вазифаҳо кор карда истодаанд”, - гуфт Мадина Набизода.
Ба қавли Набизода, айни замон ҷобаҷогузории кадрӣ дар шаҳру навоҳии Суғд идома дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал мекунад ва дар он беш аз 570 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд. Теъдоди омӯзгорон дар вилоят 37 ҳазору 662 нафар мебошад.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста