Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар кишвар 16-уми июн муқарар кард. Дар ин бора аз кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки санаи Ид имрӯз, 11-уми июн дар ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъин шуд.
“Ҳамин тавр, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 16-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд.
Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.
Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.
Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон истироҳат мебошад. Агар ид ба рӯзи истироҳатӣ афтад, рӯзи кории баъди он истироҳат мешавад. Ба ин тартиб, бо назардошти рӯзи истироҳатӣ будани 16-уми июн, рӯзи 17-уми июн ҳам истироҳат мешава ва ба ин тартиб шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард..





Рестобар 28 Monkeys: Кто стоит за этим необычным проектом?
В Таджикистане основали Национальный театр. Представители других театров переживают, что их собираются объединить
Их всего 0,001%: Краткий визуальный анализ самых богатых людей мира
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 января 2026 года
Варзобская ГЭС – первая промышленная электростанция Таджикистана
Что год 2026-й нам готовит: каким будет новый сезон в спорте
Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста