Дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе имрӯз, 14-уми ноябр, мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохтаи боздоштшудаи кишвар оғоз гардид. Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва ба ҷуз вакилони дифоъ, дигар хешовандони боздоштшудагон ба он роҳ дода нашуданд.
Ҳоло дақиқ нест, ки мурофиаи кадоме аз чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда баргузор мешавад. Вакилони дифоъ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” аз назди Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе иттилоъ медиҳад, ки чанде аз пайвандони Шокирҷон Ҳакимов онҷо ҳузур доранд ва ғайр аз вакили дифои ӯ, боз панҷ вакили дифоъ вориди Боздоштгоҳ шуданд. Ҳамчунин, се додрас ва намояндаи Додситонии кулли кишвар низ дохили Боздоштгоҳи муваққатӣ шудаанд.
Мақомоти кишвар, аз ҷумла Додгоҳи олӣ дар хусуси оғози парванда иттилое надодааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки парвандаро Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ баррасӣ мекунад.
Бояд гуфт, Додситони кулли Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили парлумонро моҳи июни соли 2024 боздошт кард. 14-уми июн зимни ҷаласаи парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кул дар назди вакилон баромад карда, иттилоъ дод, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудаву дар тафтишот қарор дорад.
Баъдтар, 9-уми августи соли 2024, дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки нисбати Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Шокирҷон Ҳакимов низ парванда боз кардааст.
Назари шахсони боздоштшуда, вакилони дифоъ ва наздикони онҳо дар робита ба иттиҳом маълум нест. Додситонии кулли Тоҷикистон ба парвандаҳои ин афрод муҳри махфӣ задааст ва ба ин далел ҳеч иттилоъ дар ихтиёри расонаҳо намегузорад.





Как таджикская художница борется с плагиатом в сети
ICB предлагает Visa Infinite — премиальную карту для глобальных возможностей
Президент Таджикистана пообещал создать в стране 1,4 миллиона рабочих мест
Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста