Дар нахустин иҷлосияи парлумони нав – даъвати ҳафтум, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид, Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
Файзалӣ Идизода вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт буда, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва бо раъйи ҳама вакилон раис интихоб гардид.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон муовини якуми раиси парлумон интихоб шуд.
Мавсума Муинӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, ки дар даъвати қаблӣ ҳам барои муддате муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, бори дигар муовини раис интихоб шуд.

Азиз Гиёзода аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ муовини дигари раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон дар ин мақоми баланд табрик гуфта, таъкид кард, ки “тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд”.

Дар ин баробар аз вакилон талаб кардааст, ки “барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд”.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон даъвати ҳафтум зимни интихоботе, ки 2-юми марти соли ҷорӣ баргузор шуд, интихоб гардиданд. Ҳайати пешин бошад, дирӯз пас аз баргузории охирин ҷаласа пароканда шуд.




Лимоны Таджикистана: ароматный вклад в экономику страны
США сместили Мадуро: венесуэльский президент оказался в руках американских военных
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2025 год
2025 год как точка опоры: как таджикское дзюдо перешло от отдельных успехов к системному росту
Что ждет мигрантов в России в 2026 году?
Озода Рахмон оказала помощь матери Кобилджона Алиева в размере 300 тысяч сомони
Год в поиске: что чаще всего гуглили таджикистанцы в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 января 2026 года
Трагедия в Одинцово, итоги года от президента и тяжелые утраты: главные события декабря по версии «Азия-Плюс»
7 душевнх историй «Азия-Плюс» в 2025 году, которые дают надежду
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста