Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқа имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нархи интернет дар кишвар арзон ва суръати он беҳтар шудааст. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҳоло ягон таърифа бо суръати пасттар аз 5 Мбит/с вуҷуд надорад. Аммо корбарони “Азия-Плюс” ҳоло ҳам аз суръати сусту нархи гарони интернет шикоят доранд.
Исфандиёри Саъдулло ба рӯзноманигорон гуфт, ки тадриҷан арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с ба 17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари ИМА расонида шуд.
“Раванди мазкур идома ёфта, аз 15-уми июли соли ҷорӣ суръати ҳадди ақали интернет ба 15 Мбит/с баробар гардида, то охири соли ҷорӣ суръати интернет ба 30 Мбит/с ва дар се соли оянда ин нишондод ба 100 Мбит/с расонида хоҳад шуд”, - зикр кард раиси Хадамоти алоқа.
Ӯ афзуд, онҳое, ки таърифаи интернеташон ҳоло аз 5 Мбит/с паст аст, метавонанд ба ширкатҳои мобилии хидматрасон шикоят кунанд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш пурсиши "Азия-Плюс" аз ширкатҳои мобилӣ нишон дод, ки онҳо танҳо арзиши 1-2 тарофаро тағйир додаанду халос. Ба иттилои аз ширкатҳои мобилӣ дастрасшуда, баъзе ширкатҳо тарофаҳоро танҳо барои истифодабарандагони нав тағйир додаанд, яъне барои аксарияти муштариён чизе тағйир наёфтааст.
Сарфи назар аз ин, дар пурсише, ки имрӯз, 23-юми июл, “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронд, то кунун беш аз 40 дарсади пурсидашудагон аз нархи гарон ва суръати пасти интернет шикоят доранд.
Бино ба маълумоти Хадамот, теъдоди муштариёни ба шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ васлшуда 8,3 млн нафарро ташкил дода, 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
Дар радабандии моҳи апрели Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети сабтшуда (ноқилӣ) миёни 155 кишвар зинаи 117-умро касб кардааст. Суръати миёнаи боргузорӣ 36,96 Мбит/с-ро ташкил додааст, ки аз сатҳи миёнаи ҷаҳонии 98,3 Мбит/с камтар аст.





Бизнес без коррупции: о чем говорили на международном форуме в Душанбе
В результате нападения в школе в Одинцово погиб мальчик – предположительно, из таджикской семьи
Самые дорогие футболисты высшей лиги Таджикистана-2025: кто вошёл в топ?
Эмомали Рахмон вновь выразил обеспокоенность по поводу ношения «чуждой одежды» в Таджикистане
Президент Таджикистана предложил меры для улучшения кредитной системы и доступа к жилью
В Таджикистане с 1 сентября 2026 года будут повышены зарплаты и социальные выплаты
Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Президент Таджикистана: «В 2027 году мы забудем о проблемах с электроэнергией»
Продовольственная безопасность в Таджикистане достигла 85% – Эмомали Рахмон
Рахмон поручил разработать Cтратегию развития связи до 2040 года и новую программу налогового администрирования
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста