Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзодаро, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, дар ноҳияи Темурмалик ба хок супоридаанд. Пайвандонаш ҳоло аз ӯ ба хубӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ки писари ором ва хушмуомила буд, вале шаш моҳи охир гӯиё носу сигор мекашидааст. Падари ӯ дар боздошт аст ва модараш ҳоло агарчи озод аст, вале аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон бозпурсӣ мешавад. Омӯзгоре, ки ба Парвиз Одинаев дарс додааст, аз тарбияи ӯ тавсиф мекунад, вале аз ин ҳодиса дар ҳайрат мондааст.
Парвиз Одинаев кист ва чӣ рӯзгор дорад?
Ба қавли пайвандон, Хусрав Одинаев писари калонии Парвиз Одинаев буд ва дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудаву ба воя расид.
Падараш Парвиз зодаи деҳаи Шибанайи ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик аст ва дар оилаи деҳқон ба камол расидааст. Файзиддин Одинаев, бародари Парвиз Одинаев, ба “Азия-Плюс” перомуни рӯзгори оилавӣ ва муносибати бародар ва бародарзодааш қисса кард.
Ӯ гуфтугӯро аз соҳибкасб будани ҳамаи фарзандони падараш оғоз мекунад: “Дар оила мо 6 фарзанд ҳастем - 4 писар ва 2 духтар. Ҳамаамон соҳиби маълумот, соҳибкасб”.
Ба қавли ӯ, Парвиз мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хонда, хатмкардаи Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистон будааст. Ӯ соли 2007 бо як зумра муҳоҷирони дохилии вилояти Хатлон ихтиёран ба шаҳри Турсунзода кӯчидааст.
Файзиддин Одинаев мегӯяд, ки бародараш дар маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекард ва мавқеашро миёни ҷомеа зуд пайдо карда буд.

“То рӯзи ҳодиса сармуҳосиби ҷамоати деҳот ва вакили маҳаллаашон буд”, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Ба қавли Файзиддин Одинаев, бародараш рӯзгорашро пурра дар ҳамон ҷо сохт, ҳамаи фарзандонаш дар Турсунзода таваллуд шуданд ва Хусрав писари калонии Парвиз буд. Ба ҷуз Хусрав, онҳо боз 3 писару 1 духтари дигар доранд.
Фарзонаи Шариф, ҳамсари Парвиз Одинаев ҳам зодаи деҳаи Танобчии ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик будааст. Дигар бародарону хоҳарони ӯ ҳама дар ин ноҳия зиндагӣ мекардаанд.
Ҳодиса чӣ гуна рух дод?
Пайвандон мегӯянд, ки Парвиз рӯзи 26-уми июл писараш Хусравро ба дуздии маблағҳояш гумонбар медонад ва барои ин ӯро ҷазо медиҳад. Ғайр аз ин, Парвиз ба бародараш Файзиддин аз носкашиву арақнӯшии писараш шикоят мекардааст.
“Парвиз мегуфт, ки 6 моҳи охир писараш ба кашидани нос, сигор ва нӯшидани машруботи спиртӣ машғул аст. Аз ин хавотир буд. Дигар чӣ шуду чӣ гузашт, ман хабар надорам”, - гуфт Файзиддин Одинаев.
Маълум нест, ки Парвиз Одинаев таълимоти динӣ гирифтааст ё не ва ин амалкардаш то куҷо ангезаи динӣ доштааст. Пайвандонаш дар ин маврид ҳарфе намезананд.
Муҳаммадкул Муродов, муаллими собиқадор, ки дар мактаби №18-и Шибанай ба Парвиз Одинаев дарс додааст, ба “Азия-Плюс” гуфт, Одинаевҳо яке аз оилаҳои намунавӣ буданд ва ҳамаи фарзандони Шамсиддин Одинаев (падари Парвиз Одинаев) таълим ва тарбияи хуб доштанд. Ӯ низ ҳоло аз ин ҳодиса дар ҳайрат мондааст.

“Мехостанд пинҳонӣ ҷасадро дар Темурмалик гӯронанд”
Ба иттилои ВКД, Парвиз Одинаев писарашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор донистааст.
Дар наворе, ки охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, марде, ки гуфта мешавад Париз Одинаев аст, аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.
Ба иттилои манобеи “Азия-Плюс”, он навор аз ҷониби худи падар сабт шудааст. Ба гуфтаи манбаъи мо, чанде пеш писар барои носкашӣ аз сӯи падар латукӯб шудааст.
“Рӯзи дигар писар 600 сомонии падарро “дуздида”, ба назди аммааш ба Душанбе фирор карда, чанд рӯз бедарак будааст. Аммааш ба падар занг зада, хабар додааст, ки фарзандаш дар хонаи ӯст. Падар ӯро гирифта, дар роҳ пойҳояшро ба мошин баста, кашола кардааст”, - гуфт як манбаи “Азия-Плюс”.
Дар навор Хусрав, ки дар ҷисмаш осори ҷароҳат мушоҳида мешавад, иқрор мешавад, ки 600 сомониро гирифтааст.
Ба қавли ӯ, баъдан мард писарашро дар таҳхонаи манзилаш маҳкам карда, ба модар ва дигар фарзандон иҷоза надодааст, ки ба ӯ наздик шаванд.
Манбаъ мегӯяд, субҳи рӯзи дигар вақте падар ба назди ӯ меравад, мебинад, ки ҳолати фарзанд вазнин аст. Аз ин рӯ, ба духтури маҳаллӣ муроҷиат мекунад, вале табиб тасдиқ мекунад, ки фарзандаш ба ҳалокат расидааст.
“Падару модар барои пинҳон кардани ҷиноят кӯшиш мекунанд ҷасадро шуста, ба ноҳияи Темурмалик, зодгоҳашон бурда, дафн кунанд. Вале дар роҳ мақомот онҳоро боздошт мекунад”, - афзуд манбаъ.
Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Парвиз Одинаевро боздошт ва нисбаташ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз кардааст.
Рӯзи дафн гуфтанд, ки “аз бом афтодааст”
Ба гуфтаи пайвандон, Хусравро рӯзи 27-уми июл аз шаҳри Турсунзода ба ноҳияи Темурмалик бурда, дар зодгоҳи падараш ба хок супоридаанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷанозаи марҳум садҳо тан ширкат доштаанд, вале аз асли воқеа касе хабар надоштааст.
Яке аз ҷанозахонҳо бидуни зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “мо ба маросими ҷаноза рафтем, он вақт гуфтанд, ки Хусрав аз бом афтида фавтидааст. Баъдан сабаби маргаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва мо ҳам баъдан ин ҳолатро аз расонаҳо фаҳмидем”.
Дар ҷаноза Парвиз Одинаев ширкат надоштааст. Фарзонаи Шариф, модари Хусрав, ки дар маросими дафн ҳузур доштааст, пас аз чанд рӯз ба макони зисташ – шаҳри Турсунзода баргаштааст.
Ин модар агарчи озод аст, вале ба гуфтаи Файзиддин Одинаев, ҳоло мавриди бозпурсии муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад.
“Хусрав писари ором ва хушмуомила буд. Дар ҳақиқат баъди ҳодиса мо - ҳама нороҳат ҳастем”, - бо андӯҳ гуфт Файзиддин Одинаев.
Куштори писар аз дасти падар ва паҳн шудани аксу наворҳо аз ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои сокинонро ба бор овард. Аксар талаб карданд, ки падарро ҷазои сазовор диҳанд. Аммо мақомоти расмӣ то ҳол тафсилоти бештари ин ҳодисаро ироа накардаанд.
Ҳамчунин, марги кӯдаки 15-сола аз дасти падар бори дигар мавзӯи осебпазир будани кӯдаконро ба миён гузошт ва зарурати андешидани тадбирҳои ҷидди дар самти ҳифзи кӯдаконро собит намуд.




