Маълумоти омории Вазорати тиҷорати Чин оид ба ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин дар зарфи 11 моҳи соли гузашта тақрибан 2,5 баробар аз маълумоти расмии Тоҷикистон зиёдтар аст.
Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар Пекин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо истинод ба маълумоти ин вазорат иттилоъ дод, ки ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба миёни кишварҳо дар давоми 11 моҳи соли гузашта 1 млрд. 672 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% бештар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бошад, ҳаҷми муомилоти моли миёни Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 631 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 2,1% зиёдтар мебошад.
Қрбили зикр аст, ки тайи солҳои ахир чунин фарқияти назаррас миёни маълумоти расмии омории Тоҷикистону Чин оид ба ҳаҷми муомилоти молӣ зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсолаи гузашта муовини аввали роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов изҳор намуда буд, ки фарқи маълумоти омори гумрукӣ миёни Тоҷикистону Чин истифодаи методологияи гуногуни ҷонибҳо зимни таҳияи ин гуна маълумот аст.
Раҳматов таъкид дошт, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ методогияи тасдиқшуда тибқи созишномаи дахлдор миёни ин кишварҳо мавриди истифода қарор дорад, дар Чин бошад, методологияи тамоман дигар амал мекунад.
США заблокировали в ООН резолюцию о прекращении огня в секторе Газа
Институт ветеринарной медицины Таджикистана получил оборудование в рамках реализации проекта МАГАТЭ
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
ГКНБ Кыргызстана поручили выявить организаторов митингов на рынках
ХАМАС: Армия Израиля разрушила Великую мечеть Газы
Таджикистан и Иран договорились о сотрудничестве в сфере реагирования на ЧС
Таджикистан и Туркменистан назвали самыми «закрытыми странами» в регионе Европа и Центральная Азия
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Принципиальные решения по госгранице, квартира для Фарруха Хасанова и бич Центральной Азии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 декабря 2023 года
Советский Союз: самый большой и густонаселенный рекордсмен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста