Корхонаи «ТоҷикАзот», воқеъ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ дар шаҳри Сарбанд соли равон бо маблағгузорӣ аз ҷониби сармоягузорони Чин дубора ба кор шурӯъ мекунад.

Директори корхона Файзиддин Раҳмонов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли ҷорӣ бар асоси созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва яке аз ширкатҳои Чин аз нав таҷҳизонидани корхона барои роҳандозии фаъолият бо гузаштан аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт оғоз мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, барои таҷдиду азнавсозии корхона сармоягузорони Чин ният доранд, ки дар ҳаҷми 150 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ кунанд. Дар назар аст, ки ба кор дар корхона беш аз 1,5 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб мешаванд.

Иқтидори аввалияи корхона истеҳсоли 150 ҳазор тонна карбамид дар як солро ташкил дода, минбаъд он афзоиш меёбад.

Ба савол дар бораи чӣ миқдор ҳиссаи корхоанро соҳиб шудани сармоягузорони Чин ва чӣ миқдор мондани он дар ихтиёри Тоҷикистон, директори корхона посух дод, ки аз ин масъала огаҳӣ надорад.

Корхонаи «ТоҷикАзот» яке аз корхонаҳои бузургтарини Тоҷикистон оид ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ буда, бинобар сабаби қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон аз фаъолият бозмонд. Сармоягузорони Чин бо истифода аз ангишт дубора корхонаро ба кор дароварданианд.

Қаблан 75%-и ҳиссаи корхонаи «ТоҷикАзот»-ро миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20%-ашро ҳукумати Тоҷикистон ва 5%-ашро Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар ихтиёр доштанд.

Санаи 23 июни соли 2014 Суди иқтисодии Хатлон корхонаро миллӣ (давлатӣ) эълон кард. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли гузашта оид ба дубора ба кор даровардани корхона бо Чин ба гуфтушунид пардохта буд.