ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», ки ба воридоти сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон ҳуқуқи махсуси ягона дорад, аз аввали моҳи феврал арзиши керосини авиатсиониро 30 фоиз - аз 1120 то ба 1465 доллар боло бурд.

Хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо маҳсуб меёбанд. Барои мисол, нархи билети ҳавопаймоии хатсайри Душанбе - Маскав - 280 доллар, Бишкек - Маскав - 110 доллар ё арзиши билети Душанбе - Истанбул - 400 доллар ва Бишкек - Истанбул бошад, 238 долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, 38 фоиз аз арзиши умумии билети ҳавопаймоиро нархи сӯзишвории авиатсионӣ ташкил медиҳад.

Дар «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» маълумоти болоравии нарх ба сӯзишвории авиатсиониро тасдиқ намуда, онро ба афзоиши нархи нафт дар биржа нисбат доданд.

«Бо вуҷуди дар кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт паст будани нарх, онҳо сӯзишвориро на бо арзиши аслӣ, балки бо нархи муқарраркардаи биржа мефурӯшанд. Як баррели нафт 64,70 доллар нарх дошт, вале аллакай то 70 доллар боло рафт», - гуфт як манбаъ дар ин ширкат ва илова намуд, ки моҳи декабри соли гузашта як баррел нафт ба 52 доллар фурӯхта мешуд.

Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, қаблан ширкат аз Русия ва Туркманистон сӯзишворӣ мехарид. Аз Русия арзонтар меафтид, зеро тибқи шартномаи байнидавлатӣ, Русия Тоҷикистонро аз 5% боҷи гумрукӣ зимни воридоти ҳама гуна навъи сӯзишворӣ озод карда буд.

- Лекин имсол Русия ба қонунгузории андоз тағйиро ворид намуда, мутобиқи он, ба ҷойи содирот ба ширкатҳо фурӯши сӯзишворӣ дар дохили худи Русия фоидаовар шуд. Ҳамин тариқ, айни замон сӯзишвории авиатсионӣ танҳо аз Туркманистон оварда шуда, аз ин рӯ, мо маҷбурем, ки 5% боҷи гумрукӣ пардохт намоем», - гуфт як манбаъ дар ширкат.

Бино ба гуфтаи манбаъ, арзиши ниҳоии сӯзишвории авиатсионӣ баъди пардохти ҳамаи андозҳо, аз ҷумла аксизӣ дар сарҳади Тоҷикистон муайян мешавад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» аз ин ширкат ба маблағи умумии 171 млн. сомонӣ қарздоранд, ки аллакай ду сол пардохт карда наметавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари фарқияит қурби асъор дар соли 2017, ширкат 1,5 млн. долларро талаф дода, назди бонкҳо қарздор аст. «Агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ қарзи моро пардохт накунанд, мушкилоти мо ҳал намешавад», - қайд карда манбаъ.

Ширкати таъминоти сӯзишвориро аз андозҳо озод мекунанд?

Мутахассисони бахши авиатсия қайд мекунанд, ки сабаби баланд будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ мавҷуд набудани рақобат дар ин бозор аст.

- Мо аз ин масъала огоҳем, бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Ширкати таъминоти сӯзишворӣ вохӯрдем, вале шахсон ё ширкатҳои дигари хоҳишманди ворид шудан ба ин бозорро пайдо накардем», - қайд карда буд зимни нишасти хабарии рӯзи 15 феврал вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари баланд будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ фоидаи худро ба рушди ширкат ва беҳбуди хизматгузориҳо сарф карда наметавонанд ва ҳамчунин маҷбуранд, ки зимни парвоз дар фурудгоҳҳое, ки сӯзишвориро бо 800 доллар мефурӯшанд, барои пур кардани сӯзишвории худ фуруд оянд, ки албатта боиси нороҳатии мусофирон мешавад.

Муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода илова намуд, ки ниҳодҳои дахлдор аз ин вазъ огаҳӣ дошта, ба ҳукумат дархост пешниҳод кардаанд, ки ин ширкати монополист аз пардохти баъзе андозҳо озод карда шавад, то ки ин тадбир ба поинравии нархи сӯзишвории авиатсионӣ мусоидат намояд.

- Бонки ҷаҳонӣ оид ба кор ва таҳлили фаъолият дар бахши авиатсия ва Ширкати таъминоти сӯзишворӣ ҳамчун таркиби алоҳида комиссия таъсис дод. Ҳукумат ба Агентии авиатсия дастур дод, ки корро ба Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт идома диҳад, то ки роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст пайдо шавад, - зикр кард Ганҷалзода.

Мушкилот дар монополия аст?

Дар натиҷаи қарздорӣ аз Ширкати таъминоти сӯзишворӣ ширкатҳои ватанӣ маҷбур шуданд, ки норасоии сӯзишвориро дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ашқободу Бишкек пур кунанд, ки ба нороҳатии ҷидии мусофирон боис гардида, маъмулан баъди парвоз онҳо аз ин кор огоҳ карда мешаванд.

Қаблан бо истинод ба коршиносон зикр карда будем, ки мушкилоти Ширкати таъминоти сӯзишворӣ, аз ҷумла нархҳои он, то пайдо шудани рақобат доимӣ боқӣ мемонанд. Хизматгузории шоиста, нархҳои паст, тахфифҳои гуногун ва ғайра танҳо дар сурати дар ин бозор пайдо шудани рақибон имконпазир мешавад.

Дар худи Ширкати таъминоти сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки соҳибкорони ватанӣ бинобар сабаби масъулияти зиёд ба ин бозор ворид шудан намехоҳанд.

«Дар ширкати мо ҳар се моҳ санҷиш гузаронида мешавад. Озмоишгҳ (лаборатория)-и мо уҳдадор аст, ки сӯзишвориро ҳангоми ворид шудан, фурӯш ва ғайра санҷад. Соли 2015 мо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба меъёрҳои ИКАО харидем. Доимо аз аудити ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ мегузарем», - гуфт манбаъ ва илова кард, ки онҳо низ ба пайдо шудани иштирокчиёни нав дар ин бозор манфиатдоранд.

Дар ҳамин ҳол…

Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, меҳмонхонаҳои нав боз мешаванд. Ҳукумат кӯшиш дорад, ки тартиби гирифтани раводиди Тоҷикистонро соддатар созад. Лекин, қайд мекунанд намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, болоравии арзиши сӯзишвории авиатсионӣ ҳамаи ин талошҳоро барбод медиҳад.

«Акнун мо маҷбурем, ки нархи билетҳои ҳавопаймоиро боло барем ва ин ба сафари сайёҳон ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад», - қайд карданд дар яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.