Нисбат ба аввали семоҳаи охири соли 2017 ҳаҷми умумии захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҳамин давраи соли гузашта (2018) қариб 5% кам шуданд.

Дар Дурнамои сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2019 ва давраи миёнамуҳлат сабаби коҳиши захираҳои тиллову асъори кишварро ба коҳиши нархи тилло нисбат медиҳанд.

Қайд мешавад, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори ҷумҳурӣ аз сатҳи 5-моҳаи рӯйпӯш кардани воридот дар соли 2017 то ба 4,7 моҳи моҳи рӯйпӯш кардани воридот коҳиш ёфтанд.

Солҳои охир ҳукуматдорони Тоҷикистон аз ифшои маълумот доир ба ҳаҷми захираҳои тиллову асъори кишвар худдорӣ мекунанд.

Бо назардошти ба маблағи 257 млн. доллар ба ҳисоби миёна баробар будани ҳаҷми воридоти моҳонаи Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли 2018, метавон тахмин зад, ки ба аввали моҳи октябри соли гузашта захираҳои байнулмилалии БМТ наздики 1 млрд. 210 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Дар Дурнамо зикр мегардад, ки сиёсати идоракунии захираҳои тиллову асъори БМТ ҷиҳати ба ҳадди камтарин овардани хавфҳо ва афзоиши ҳаҷми даромаднокии онҳо нигаронида шудааст.

“Барои идоракунии пурсамар ва нигаҳдории сатҳи қобили қабули захираҳои байнулмилалӣ, ки ба таъмини суботи молиявӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст, оид ба харидории металлҳои гаронбаҳо дар бозорҳои дохилӣ бо асъори миллӣ амалиётҳо анҷом дода мешаванд”, - қайд мешавад дар ҳуҷҷат.

Гуфта мешавад, дар шаклҳои гуногун нигаҳдорӣ ва ҷойгир кардани захираҳои байнулмилалӣ бо назардошти хавфҳои асъорӣ ва тағйири нархҳо ба металлҳои гаронбаҳо амалӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.