Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба иҷрои парвозҳо шурӯъ намуд: бо ҳавопаймои Боинг-767 аллакай парвозҳои ҷудогона (чартерӣ) анҷом дода шуданд. Бо ин ҳавопаймо имрӯз парвози аввалин дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2019” аз Хуҷанд ба Ҷидда анҷом дода шуд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳуумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ӯ қайд кард, ки ширкат аввали соли ҷорӣ дар робита ба мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳоро қатъ карда, дар натиҷа нимсолаи аввалро бо натиҷаи 17,5 млн. сомонӣ зиён ҷамъбаст намуд.

Ба қавли Субҳонзода, барои иҷрои парвозҳо, роҳандозии фаъолияти уствори ширкат, пешгирии муфлисшавӣ ва барқарор кардани ҳолати пардохтпазирии он корҳо ҷараён доранд.

“Ният дорем, ки фаъолияти ширкати миллии ҳавопаймоиро, ки таърихи 95-сола дорад, ба эътидол орем”, - иброз дошт ӯ.

Директори Агентӣ таъкид дошт, ки аз ҷониби комиссияи махсуси таъсисёфта арзиши умумии техникаи кӯҳнаи ширкат муайян шудааст, ки наздики 4 млн. долларро ташкил медиҳад.

“Харидорони имконпазир ҳастанд ва пули бадастомада аз ҳисоби фурӯши онҳо ба беҳбуди вазъи молиявии ширкат равона мегардад”, - қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи директори генералии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода, айни замон ширкат панҷ ҳавопаймо ва як чархболро дар ихтиёр дорад.

Ӯ қайд кард, ки айни замон танҳо яке аз ҳавопаймоҳо (Боинг-767) дар ҳолати коршоям қарор дошта, ба интиқоли зойирин ба ҳаҷ машғул аст.

Исматуллозода таъкид намуд, ки боз ду ҳавопаймо дар шаҳрҳои Шарҷа ва Маскав дар таъмири асосӣ қарор доранд.

Ғайр аз ин, илова кард ӯ, ду ҳавопаймои Боинг-757 ва Ан-28, чархболи Ми-8 айни замон дар Душанбе қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.