“Комиссияи махсуси Вазорати молия ба 48 шаҳрванди Тоҷикистон барои истихроҷи инфиродии канданиҳои фоиданок иҷозатнома дод”, - хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.
Вазири молия қайд кард, ки дархости боз тақрибан 30 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. “Ба фикрам, ин танҳо оғоз аст ва корҳо дар ин самт тақвият меёбанд”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, шаҳрвандони кишвар имкон доранд, ки металлҳои гаронбаҳои дар ихтиёр доштаашонро бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат фурӯшанд.
Вай афзуд, дар қаламрави ҷумҳурӣ 10 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо боз шуда, онҳо дар шаҳру ноҳияҳое қарор доранд, ки дар онҳо барои истихроҷи чунин канданиҳои фоиданок имкон вуҷуд дорад.
Ба воситаи ин нуқтаҳо тӯли 11 моҳи соли гузашта аз шаҳрвандон 4,5 кило тилло харида шудааст.
Қоидаҳои истихроҷ
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тиллои реза ва сангҳои гаронбаҳо иҷоза дода шуд.
Тартиби додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тилло ва сангҳои қиматбаҳоро ҳукумати Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 2019 тасдиқ кард.
Мувофиқи ин қарор, ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд. Шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд. Барои он гирифтани иҷозати Вазорати молия зарур аст.
Истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин метал бояд зиёд бошад. Масалан, водии дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.
Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Душанбе?
Путин поручил провести учения с применением ядерного оружия
Президент Таджикистана произвел перестановки в ряде ведомств
Мама плохого не посоветует. О сепарации в таджикском обществе
ООН решила отметить Международный день винторогого козла
В Таджикистане военного парада в честь Дня победы не будет
В Душанбе открылся офис представительства турецкой сети клиник ACIBADEM
Жертвами стихии в Таджикистане стали три человека
В Ховалинге один человек утонул, другой упал в обрыв и получил травмы
В Таджикистане построят завод по производству лекарств
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста