Бо қарори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи таъсиси ширкати саромоягузории муштарак байни кишварҳо, ки 10 июн дар Душанбе ба имзо расида буд, тасдиқ шуд, хабар медиҳад портали ҳуқуқии «Norma.uz».
Мувофиқи созишнома, мақоми ваколатдори татбиқи шартномаи байнулмилалӣ Фонди таҷдиду рушди Ӯзбекистон муайян шудааст.
Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шакли ҶДММ бо сармояи оинномавии ибтидоии 12 млн доллар бо марҳила ба марҳила то 50 млн доллар расонидани он таъсис дода мешавад.
Ҳиссаи Фонди таҷдиду рушд дар ташаккули сармояи оинномавии он 75 фоиз ва ҳиссаи “Тоҷинвест” - 25 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳадафи ширкати сармоягузорӣ маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон аст.
Фаъолияти асосии он сармоягузорӣ тавассути хариди саҳмияҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидории мавҷуда ва навтаъсис, ҷудо кардани қарз, барориши коғазҳои қиматнок, инчунин фурӯши ҳиссаҳои ширкати сармоягузорӣ дар сармояи оинномавии субъектҳо ба сармоягузорони тоҷику ӯзбек унвон мешавад.
Илова бар ин, ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии сармоягузорӣ ва молиявӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии ҳамкории сармоягузорӣ бо онҳо, инчунин дастгирӣ ва мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ низ пешбинӣ шудааст.
Ҷустуҷӯ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ барои афзоиши ҳайати иштирокчиёни он ва ҷудо кардани маблағ ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бар асоси тиҷоратӣ яке аз самтҳои алоҳидаи фаъолияти ширкат зикр шудааст.
Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи таъсиси ширкати самоягузории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июн ба имзо расида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Приезд Кэмерона, итальянское турне и риск заражения чумой
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2024 года
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста