Созмону ниҳодҳои молиявии мададрасон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз ҷалби қарзҳои бидуни имтиёз худдорӣ кунад, зеро кишвар дар минтақаи хавфи баланди буҳрони пардохти қарз қарор дорад.
Дар “Гузориши рушди Осиё 2022”-и Бонки осиёии рушд (БОР гуфта мешавад, таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳам дар қарзи хориҷӣ ва ҳам қарзи давлатӣ хавфи баланди пардохти қарз вуҷуд дорад.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 таносуби қарзи давлатӣ (ҳаҷми умумии қарзи дохилӣ ва хориҷӣ)-и Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар ба 43,8% расид.
Зикр мешавад, ки 87%-и қарзи давлатии Тоҷикистонро қарзҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Хавфи баланди буҳрони пардохти қарз ба омилҳое чун касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои бидуни имтиёз, аз ҷумла 500 млн доллари соли 2017 аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молиявии байнулмилалӣ дастрасшуда бо меъёри 7,12%, рабт дода мешавад.
Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки минбаъд аз ҷалби чунин қарзҳои гарон худдорӣ кунад.
Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) қарор дорад, ки дар он ММД ба ҳар сари аҳолӣ - камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ асосан кишварҳои африқоӣ шомиланд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 885 долларро ташкил дод. Тоҷикистон ягона кишварест дар паҳнои пасошӯравӣ, ки то ҳол дар гуруҳи ин кишварҳо боқӣ мондааст.
Коршиносони БОР интизорӣ доранд, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД дар соли 2027, ки қарзҳо аз евробондҳо пардохта мешаванд, ба эътидол меояд.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин мебошад, ки зиёда аз се як ҳиссаи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба он рост меояд.
Ҳамчунин Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор қарздор аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Как таджикистанцам дешевле добраться до Шри Ланки?
Общая сумма кредитов предпринимателей сгоревшего рынка Джайхуна составляет около 5 миллионов сомони
В Душанбе строятся три новые парковки, – мэрия
Рекордная жара и полмиллиона смертей. ООН призывает мир срочно пересмотреть климатические стратегии
Как таджикская компания популяризирует туризм в Таджикистане, выходя за рамки проторенных дорог
Активный отдых с детьми в Ташкенте: от VR-приключений до изучения подводного мира
Садыр Жапаров утвердил список отцов-основателей государственности Кыргызстана
«Были финансовые проблемы». Мэр Худжанда объяснил причину приостановки работы автобусов
Как отразится снятие кандидатуры Байдена с президентских выборов на Центральной Азии?
Природное наследие Таджикистана: охраняемые территории занимают 22% площади страны
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста