Болоравии қурби рубли Русия дар Тоҷикистон идома дошта, боз ба нишондиҳандаи рекордӣ расид. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ поин меравад.
Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки милии Тоҷикистон барои имрӯз 23 май, 1000 рубл ба 172 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта он 166 сомонӣ буд. Ба ин тариқ, қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳат қариб 4% зиёд шуд.
Ин такрори болоравии рекордии қурби рубл нисбати сомонӣ аз охири моҳи феврали соли равон, пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина аст. Қурби ба ин наздик 11 апрел - 171,5 барои 1 ҳазор рубл сабт шуда буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қурби доллар ва евро дар лавҳаи Бонки миллӣ ноустувор аст. Барои имрӯз 1 доллар ба 12,10 сомонӣ ва 1 евро ба 12.78 сомонӣ баробар аст. Ҳафтаи гузашта 1 доллар 12,45 сомонӣ ва 1 евро - 13,13 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Муҳоҷирон хурсанданд
Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав Абдукарим ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки имрӯз аз болоравии қурби рубл хеле қаноатманд шуд, зеро ба волидонаш 200 ҳазор рубл фиристодан мехоҳад.
“Барои тӯйи бародарам пул ҷамъ карда, онро ҳанӯз як ҳафта пеш фиристоданӣ будам, лекин волидонам гуфтанд, ки интизор шавам, шояд қурби рубл боло равад. Акнун аз ҳисоби фарқияти қурб мо қариб 1200 сомонӣ ё худ 8 ҳазор рубл сарфа кардем, ки барои муҳоҷир ин пули калон аст”, - иброз дошт Абдукарим.
Ба гуфтаи ӯ, ҳозир дигар муҳоҷирони ҳамроҳи ӯ иқоматдошта низ ба фиристодани пулҳои ҷамъкардаашон оғоз намудаанд.
Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ - сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш бар асари болоравии қурби рубл ва интиқоли зиёди пул дар банкоматҳои Тоҷикистон пули нақд ёфтан хеле мушикл шуд. Рӯзҳои истироҳат қариб аз ҳама банкоматҳо пул гирифтан имкон надошт.
В Таджикистане оцифруют таможенные посты
«Азия-Плюс» подала заявление в УМВД Душанбе на заместителя директора лицея №5
Визовый центр Турции в Таджикистане отвечает на самые важные вопросы
Президент Туркменистана наградил Эмомали Рахмона медалью в честь 300-летия Махтумкули Фраги
Как USAID помогает таджикской фабрике Arvis выйти на международный рынок
ТОП-5 за и против нового Hyundai Tucson: Что стоит за яркой новинкой?
Борец-легионер сборной Таджикистана мог погибнуть в горящей гостинице в Дагестане
Афиша от «Азия-Плюс»: RAQS в Душанбе, Startupstan Summit, «Великий Кир» и «Вишнёвый сад»
Минтранс России предлагает строить в Таджикистане новые хабы и складские комплексы
В Таджикистане стали чаще выявлять нарушения земельного законодательства
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста