ИМА дар ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернатвии сурма барои истеҳсоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ аст, зеро захираҳои худӣ танҳо то соли 2025 кофӣ аст, менависад Defense News бо истинод ба гузориши Кумитаи Палатаи намояндагони ИМА оид ба умури қувваҳои мусаллаҳ.
Гуфта мешавад, ИМА сурмаро асосан аз Чин ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия гирифта, “Тоҷикистон мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ ба сифати кишвари сеюми таҳвилгари сурма мустаҳкам мекунад”.
"Кумита аз ҷараёни геополитикии ахир бо Русия ва Чин ва таъсири он ба халалдор шудани суръати занҷираи таъминот, бахусус дар мавриди сурма нигарон аст”, - таъкид мекунад нашрия.
Гуфта мешавад, масъулони Вазорати мудофиа бояд то моҳи октябри соли ҷорӣ барои панҷ соли оянда дар бораи осебпазирии занҷираи таъминот пешгӯиҳои худро пешниҳод намоянд.
Таъкид мешавад, ки сурма барои саноати мудофиавии ИМА аҳамияти ҳалкунанда дорад. Он дар меҳвари тиру силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳатто дар аслиҳаи ҳастаӣ, инчунин барои истеҳсоли дигар техникаи таъиноти ҳарбӣ, аз қабили дастгоҳҳои биниши шабона истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷопониҳо роҳи интиқоли сурмаро аз Чин ба ИМА баста, амрикоиҳо ба истихроҷи он дар кони Айдахо шурӯъ карданд, аммо захираи он то соли 1997 комилан ба охир расид. Захираҳои начандон зиёд дар дигар конҳо метавонанд то соли 2025 ба охир расанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, Тоҷикистон тӯли чандин сол аз лиҳози истеҳсоли сурма дар ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол намуда, дар як сол ҳудуди 15 ҳазор тонна аз ин нимметалл истеҳсол мекунад. Русия зинаи дуюм (30 ҳазор тонна) ва Чин (100 ҳазор тонна) - зинаи аввалро ишғол мекунанд. Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли сурма дар Русия тайи солҳои ахир дар як сатҳ боқӣ монда, дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.
Тибқи маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма Тоҷикистон дар Осиё дар зинаи сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва байни кишварҳои ИДМ дар зинаи аввал қарор дорад.
Захираҳои зиёдтарини ин маъдан дар конҳои маъдани Ҷиҷикрӯд ва Канчоч дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавҷуд аст.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, айни замон корхонаи “Анзоб” ба истихроҷи сурма дар ноҳияи Айнӣ машғул аст.
«Я всё еще не могу понять эту актёрскую профессию и ищу в ней что-то неизведанное». Хошиму Гадо 87 лет
Коалиция против пыток в РТ: в 2023 году документировано 16 обращений от предполагаемых жертв пыток
Сотни мигрантов из Таджикистана не смогли получить патенты в Санкт-Петербурге
Таджикистан и Кыргызстан договорились усилить разъяснительную работу в приграничных районах
Таджикистан и США подписали документ о внедрении системы для регулирования передвижения террористов
Как таджикский ветеран нашел своих освободителей из лагеря Освенцима
Таджикистан и Китай планируют модернизацию «Таджикского алюминия», строительство эстакад и реконструкцию дороги до Кульмы
Армения отказалась от финансирования ОДКБ в 2024 году
Дзюдоисты Таджикистана примут участие в двух важных турнирах перед Олимпиадой-2024
В ГБАО сошла лавина, а в Нурабаде – сель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста