Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар дастур додааст, ки сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун"-ро аз ҳисоби Фонди мӯътадилсозии рушди иқтисод ба маблағи 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар) ғанӣ гардонад.

Қарори дахлдори ҳукумат, ки 11-уми ноябри соли 2022 қабул шуда буд, имрӯз, 24-уми ноябр, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд.

«Бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ нақшаи маблағгузории Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО «Роғун» дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 танзим карда шавад», - омадааст дар ҳуҷҷат.

ҶСК «НБО «Роғун» вазифадор карда мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар бораи хароҷоти сарфшуда ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод намояд.

Фонди мӯътадилсозии рушди иқтисод тибқи моддаи 16-и Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пурра карда мешавад. Маблағҳои фонди мазкур, пеш аз хама, ба рушди саноати сузишворию энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, тараққӣ додани соҳаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт пардохт намудани қарзи берунии давлатӣ равона карда мешаванд.

Дар авохири моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳукумат ба палатаи поёнии порлумон муроҷиат кард, то дар мавриди ҷалби қарзи дохилӣ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ (беш аз 160 миллион доллар) аз Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёри имтиёзноки 2%-и солона мувофиқат кунад. 3 октябр розигии вакилон гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, вакилон ба Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ислоҳот ворид карданд, ки тибқи он ҳадди ниҳоии касри умумии буҷети давлатии кишвар 1 миллиард сомонӣ зиёд карда шуд.

Хароҷоти иловагӣ, тибқи ислоҳоти нашршуда, барои маблағгузории Маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ (МЭБ) равона карда шудааст. Маҳз барои кадом эҳтиёҷот сарф шудани ин маблағ дақиқ зикр нагардидааст ва ба дархости хаттии «Азия-Плюс» низ Вазорати молия посух надод.

Аммо манобеъи наздик ба бахши молии кишвар иддаъо доранд, ки давлат барои таъмини молии ҳарчи бештари тарҳи Роғун ба ин маблағ ниёз дорад.

НБО Роғун аз кадом ҳисоб сохта мешавад?

Феълан тарҳи нерӯгоҳи Роғун танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки он, тавре қаблан масъулини сатҳҳои гуногун изҳор доштанд, барои анҷоми нақшаи сохтмони нерӯгоҳ кофӣ нест.

Ҳанӯз соли 2020 роҳбарияти кишвар ба гурӯҳи кории байниидоравии дахлдор супориш дода буд, ки ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО «Роғун» чора андешад.


Дар нимаи моҳи июли соли 2022 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обӣ гуфта буд, ки мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ба сохтмони Роғун рафта, корҳои заруриро анҷом доданд.

«Мо итминон дорем, ки тамоми корҳои марбут ба ҷалби маблағ барои анҷоми сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ то охири соли равон анҷом ёфта, дар соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ниҳодҳои молиявӣ оғоз мегардад», - хулоса кард ӯ.

Маблағгузории буҷавии лоиҳа дар соли 2022 дар ибтидо 2,6 миллиард сомонӣ муқаррар шуда буд.

Бунёди нерӯгоҳи Роғун дар соли 2008, ки сохтмони иншооти он аз сар гирифта шуд, 3 миллиард доллар арзёбӣ гардид. Баъд арзиши ин тарҳ (соли 2016 ҳангоми тендери байналмилалӣ барои интихоби пудратчии генералӣ барои сохтмони сарбанд) 3,9 миллиард доллар эълон шуда буд. Ҳоло, тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, барои анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ 5 миллиард доллар лозим аст.

МАЪЛУМОТИ «ASIA-PLUS»:

Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ҳачми солонаи истеҳсоли қувваи барқ баъди пурра ба кор андохтани нерӯгоҳ аз 13 то 17 миллиард киловатт-соат хоҳад шуд. Ин тақрибан 65—85 фоизи ҳаҷми истеҳсоли солонаи қувваи барқи кишварро ташкил медиҳад.

Умуман, ин нерӯгоҳ аз шаш агрегат иборат буда, иқтидори лоиҳавии ҳар кадоми онҳо 600 МВт хоҳад буд. Ба кор андохтани агрегати охирини нерӯгоҳ (рақами 1) дар соли 2029 пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ то соли 2033 пурра анҷом ёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.