Нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон давоми моҳи ноябр 0,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 0,3% боло рафта, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, баъакс - 0,1% поин рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

То ин дам арзиши маҳсулот дар зарфи 3 моҳ поин рафта буд.

Ба сурати умум, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта сатҳи таваррум 3,5 банди фоизӣ - аз 7,5% то 4,0% поин рафт.

Аз ҷумла аз оғози соли ҷорӣ маҳуслоти ғизоӣ 5,0%, маҳсулоти ғайриозуқа - 3,3% ва хидматрасонии пулакӣ - 2,5% қимат шуданд.

Маҳсулоти зерини хӯрокворӣ бештар гарон шуданд:

- тухм – 45,4%;

- сабзавот – 20,5%;

- шир – 14,0%

- орди гандуми нави 1-ум – 8,6%;

- маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 7,3%;

- шакар (қанд) – 6,3%.

Нархи чунин маҳсулоти ғайриозуқа бештар боло рафт:

- маводи шустушӯ – 20,3%;

- сӯзишвории дизелӣ – 16,2%;

- матоъ барои сарулибос – 4,9%;

- масолеҳи сохтмон – 3,9%.

Болоравии арзиши хидматрасони пулакӣ ба аҳолӣ асосан аз ин ҳисоб ба вуҷуд омад:

- неруи барқ - 17,3%;

- хидматрасонӣ дар тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 4,6%;

- хидматрасонии тиббӣ – 3,8%.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.