Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги сайёҳӣ дониста мешавад, ки ба андешаи коршиносон, иқтидори аслии худро ба пуррагӣ истифода накардааст. Дар сурати фароҳам овардани шароити мусоид ва таҳияи инфрасохтори зарурӣ, бахши сайёҳӣ барои Тоҷикистон метавонад сармояи зиёд ворид намояд.

Бо назардошти ин нукта, ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2002 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 замима нашр шуд. Дар санад ҷузъиёти маблағгузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар давраи солҳои 2023-2026 зикр шудааст ва тибқи он, дар 4 соли наздик барои рушди бахши сайёҳӣ ҷудо шудани 178 млн 665 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 16,3 млн доллар) пешбинӣ гардидааст.

Ин маблағ барои индустриаликунонии ҳарчи зудтари соҳаи сайёҳӣ, дастгирии сохтмони ҷойҳои таваққуф барои сайёҳон, сохтмони осоишгоҳ ва меҳмонхонаҳои муосир дар шаҳру навоҳӣ, иншоот дар назди кӯлу дарёҳо бо назардошти таъмини амнияти экологӣ, рушди зербинои ёдгориҳои таърихӣ ва иншооти сайёҳӣ, инчунин меҳмонхонаҳо дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи иттилои Агентии омори кишвар, пас аз коҳиш дар замони хуруҷи пандемия, соли 2022 вуруди сайёҳон ба кишвар афзоиш ёфта, ҳудуди 1 млнро ташкил намудааст.

Ишкошим барои сайёҳон то куҷо ҷолиб аст?

Яке аз самтҳои барои сайёҳон ҷолиб ноҳияи Ишкошим мебошад. Ин ноҳия бо ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, ҳавои тоза ва табиати дастнорасидааш ба феҳристи масирҳои машҳури сайёҳӣ дар харитаи сайёҳии кишвар шомил шудааст. Ҳамасола аз ин ноҳия ҳазоран сайёҳ дидан мекунанд.

Фотима Султонбекова, сардори шуъбаи рушди сайёҳии ноҳияи Ишкошим мегӯяд, дар ноҳия тайи чанд соли охир, барои рушди бахши сайёҳӣ 22 меҳмонхона, 19 хона барои сайёҳон, 3 тарабхона, 14 ошхонаю қаҳвахона, 113 магазин, 9 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бунёд карда шуд. Ҳамчунин, ширкатҳои сайёҳии “Помир-Вахон Сайёҳат”, “Вахон Дисковери Турс” ва “Ғаюрҷон” фаъолият доранд.

“Илова бар ин, дар ноҳия тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” қалъаи Ямчун - ёдгории таърихии замони империяи Кушониён, бозсозӣ карда шавад, ки ин барои сайёҳон макони ҷолиб ба ҳисоб меравад”, - гуфт Фотима Султонбекова.

Инчунин, осоишгоҳи “Авч” низ бо маблағи 50 ҳазор доллар тармим карда мешавад.

Воқеан, ноҳияи Ишкошим яке аз минтақаи барои сайёҳон ҷолиб мебошад, зеро дар ин минтақа ёдгориҳои таърихӣ ва чашмаҳои шифобахши машҳур ҳаст. Дар ин минтақа қалъаҳо, иншооти мудофиавӣ, наққошиҳои сангӣ, петроглифҳо ва ҳунарҳои қадимаи мардумӣ хеле хуб нигоҳ дошта шудаанд.

Яке аз сайёҳони хориҷӣ, ки ба ин ноҳия ташриф овардааст, мегӯяд, таваҷҷуҳи ӯро бештар аз ҳама бозмондаҳои давраи пеш аз Ислом ба худ кашидааст, зеро аксари онҳо дар шакли табиӣ қарор доранд.

Фотима Султонбекова мегӯяд, дар ин минтақа қалъаҳои Ямчун, Қаҳ-қаҳа, Ҳисор, Ратм, ки дар замони императории Кӯшон сохта шудаанд, маъбади буддоӣ дар деҳаи Вранг, осорхонаи файласуф ва шоири сӯфӣ Муборакқадам Вахонӣ, осорхонаи Шоҳӣ Мардон ҷойгир мебошанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунанд.

Фотима Султонбекова

Истироҳату табобат дар Гармчашма

Истироҳатгоҳи Гармчашма яке аз маконҳои машҳури табобатию солимгардонӣ мебошад, ки дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур аст.

Ба ин осоишгоҳ Гармчашма, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Авҷ, чашмахои шифобахши қишлоқи Зонг ва Ширгин дохил мешаванд. Чашмаҳои минералиро қад-қади деҳаҳои Сист, Баршор, Удит, Ширгини ноҳия дидан мумкин аст.

Фарҳод Баҳриддинов, ки аз пойтахти Тоҷикистон ба Ишкошим омадааст, мегӯяд барои табобат ва барқароркунии саломатиаш маротибаи дуюм аст, ки ба Гармчашма меояд.

“Роҳ каме дур аст, аммо истироҳат дар Гармчашма ин арзишро дорад, ки онро тай карда, биёӣ ба Ишкошим ва ҳам истироҳат куниву ҳам тамошо”, - мегӯяд Фарҳод Баҳриддинов.

Ҳунармандиву хӯрокҳои ғайриоддӣ

Дан Ишкошим ҳунарҳои мардумӣ низ ҳифз ва инкишоф ёфтаанд, аммо хӯрокҳои ин минтақа барои сайёҳон ҳамеша ҷолиби диққат будааст. Аз ҷумла, “Бат”, “Шошп”, “Кайлабат”, “Оши бокило” ва дигар таомҳои сокинони Ишкошим танҳо дар ин ноҳия таҳия шуда, барои саломатӣ манфиатбахш мебошад.

Қобили зикр аст, ки иқтидори ноҳияи Ишкошим барои рушди соҳаи сайёҳӣ бештар аз он аст, ки ҳоло муаррифӣ гардидааст.

Фотима Султонбекова мегӯяд, ноҳияи Ишкошим барои таблиғ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ниёз дорад.

“Сайёҳии кӯҳӣ ё кӯҳнавардӣ ва экотуризм аз роҳҳои кашфношудаи сайёҳии ноҳия дониста мешавад. Барои рушди ин бахш бояд роҳбаладҳои забондон, роҳандозии марказҳои иттилоотӣ зарур аст”, - таъкид мекунад Фотима Султонбекова.

1/3

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо иқлими мӯътадил, манзараҳои дилрабо, таърихи бой, меҳмоннавозӣ, олами набототу ҳайвонот ва чашмаҳои шифобахшаш имконияти зиёди рушди сайёҳиро доро аст ва дар сурати таҳияи шароити беҳтар ва ҷолибтар барои сайёҳон, Тоҷикистон метавонад аз ин бахш даромади зиёд ба даст орад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.