Иқтисодчиёни Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мегӯянд, таназзул дар Русия дар соли 2022 ба коҳиши рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ боис нашуд.

"Баръакс, аксари кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ аз ҳисоби таъсири берунии ғайричашмдошт, ба афзоиши назаррас ноил гардиданд", - гуфта мешавад дар Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии ХБА дар моҳи май.

Дар гузориш, аз ҷумла, "афзоиши босуръати воридоти маблағ” дар як соли ахир  аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба кишварҳои минтақа таъкид шудааст.

"Интиқоли софи пулӣ аз Русия ба Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 нисбат ба соли пешин беш аз 5 баробар афзоиш ёфта, мутаносибан ба 17%, 8% ва 3% ММД расиданд. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ду баробар афзоиши интиқоли маблағ ба қайд гирифта шуда, сатҳи, афзоиши онҳо аз 13% то 23% ММД-ро ташкил дод", - таъкид мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ХБА, интиқоли софи пул ба Қирғизистон дар соли 2022, баръакс, тақрибан 6 банди фоизии ММД коҳиш ёфтааст.

"Миқёси ин воридот барои вазъи макроиқтисодии бархе аз ин кишварҳо муҳим аст ва номуайянии вобаста ба ҳаҷм ва суръати тағйири ояндаи онҳо, хатареро ба бор меорад", - гуфтаанд иқтисодчиёни Хазина.

Муаллифони Гузориш, дар соли ҷорӣ "камшавии суръати афзоиши интиқоли фаромарзӣ ва вуруди муҳоҷирон дар муқоиса бо соли 2022"-ро интизорӣ доранд

Дар баробари ин, Хадамоти федералии омори Русия аз афзоиши босуръати теъдоди муҳоҷирони корӣ ба ин давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин хадамот, дар ин муддат ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 40% (100 ҳазор нафар) бештар аст.

Вуруди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ба Русия 72,3% (264 ҳазор нафар) афзуда, беш аз 630 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ба панҷгонаи таъминкунандагони асосии қувваи корӣ дар Русия Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (ҳудуди 35 ҳазор нафар) низ шомил шудаанд.

Қаблан аввали моҳи майи соли ҷорӣ Евгений Жуков директори генералии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки интизориҳои созмонҳои байналмилалии молӣ дар робита ба коҳиши интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели муноқишаи низомии Русия ва Украина ҳоло амалӣ нашуданд.

Вай зикр кард, ки дар оғози муноқишаи Русияву Украина "аз пешгӯиҳо дар бораи рушди иқтисодӣ, интиқоли пул дар Осиёи Марказӣ умедвориҳои хуб надоштанд”.

"Ин ҳаросҳо амалӣ нашуданд. Ҳадди ақал то кунун Русия тавонист аз иқтисоди худ дифоъ кунад ва ин боис шуд, ки ҷараёни вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ то имрӯз идома дорад. Интиқоли пул аз Русия ба Осиёи Марказӣ низ дар сатҳи хуб боқӣ монд”, - таъкид дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.