Дар Тоҷикистон қонун дар бораи сабади истеъмолӣ қабул нашудааст. Ба ҷои он тавсиянома оид ба муайян кардани сабади истеъмолӣ амал мекунад. Таҳлили мо нишон дод, вазъи воқеии истеъмоли хӯрока бо меъёре, ки тавсия шудааст, мувофиқат намекунад. Коршиносон сабаби асосии қабул нашудани қонунро мутобиқ набудани иқтисоди кишвар ба талаботи он медонанд.
Тавсиянома ба ҷои сабади истеъмолӣ
Ба сабади истеъмолӣ маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хидматрасонӣ дохил мешаванд, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ӯ заруранд.
Бо ҳисоб кардани сабади истеъмолӣ давлат сатҳи зиндагӣ ва даромаднокии аҳолиро муайян ва дар асоси он, мониторинги сатҳи зиндагии аҳолиро ба роҳ мемонад.
Имрӯз дар кишвар ба ҷои қонуни сабади истеъмолӣ “Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар ҶТ”, ки бо қарори ҳукумат аз 29-уми декабри соли 2012, № 775 қабул шудааст, амал мекунад.
>
Он мисли қонуни сабади истеъмолӣ, номгуйи маҳсулоти ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва хизматрасониҳои муҳимро ба сари як нафар барои як рӯз, як моҳ ва як сол муайян кардааст.
Дар тавсиянома 11 номгуйи маводи ғизоӣ дарҷ шудааст, ки асоси онҳо маҳсулоти нонӣ, чарбуҳо, меваю сабзавот ва ғайраҳо мебошад. Дар гурӯҳи молҳои ғайриғизоӣ либос, пойафзол, кӯрпаю болишт, болопӯш, лавозимоти мактабӣ ва ғайра ҷой дода шудаст.
Ҳамчунин, дар гурӯҳи намудҳои хизматрасонии муҳим пардохтҳои коммуналӣ, аз ҷумла хидматрасонии коммуналӣ, обу корез, барқ, нақлиёти ҷамъиятӣ ворид мешаванд.
Тавсияҳои маводи ғизоӣ ба вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад
Як таҳлили кӯтоҳ бо натиҷаи тадқиқоте, ки Оҷонсии омори Тоҷикистон аз соли 2000 то 2020-ум гузаронида, вазъи воқеии истеъмоли 9 номгӯи маводи ғизоии аҳолӣ дар як солро маълум кардааст, нишон дод, ки аҳолӣ назар ба меъёри муайянкардаи тавсияҳо, ки ба ҷои сабади истеъмолӣ истифода мешавад, баъзе маҳсулотро зиёд ва баъзеи дигарро камтар истеъмол мекунанд, ки ин ба гуфтаи табибон ба саломатии аҳолӣ зарар дорад.
Тибқи меъёри тавсиянома, ки “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маълум кардааст, як нафар дар як сол бояд 40,32 кг маҳсулоти гӯштӣ истеъмол кунад. Вале тадқиқоти Оҷонсии омор нишон медиҳад, ки як сокини кишвар дар соли 2020 28,1 кг маҳсулоти гуштӣ истеъмол кардааст. Дар соли 2011 бошад, як нафар 11,8 кг маҳсулоти гӯштӣ истеъмол кардаасту халос.
Агар ҳама 9 намуди маводи ғизоеро, ки Оҷонсии омор тадқиқот кардааст, бигирем, истеъмоли онҳо дар қиёс ба тавсияномае, ки ба ҷои сабади истеъмолӣ истифода мешавад, аз 10 то 20 фисад фарқ мекунанд. Аз маҳсулоти гуштӣ сар карда, то меваю сабзавот ва полезиҳо.
Танҳо истеъмолӣ нон ва маҳсулоти нонӣ дар қиёс ба тавсияҳо зиёд аст. Масалан, дар тавсиянома истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ барои як нафар дар як сол 148,51 кг пешниҳод шудааст. Аммо истеъмоли воқеии маҳсулоти нонӣ дар соли 2020-ум 165,4 кг дар соли 2019-ум - 158,7 кг-ро ташкил додааст.
>
Маълум шуд, ки тоҷикистониён нон ва маҳсулоти нониро аз меъёр зиёд истеъмол мекунанд. Дар давоми зиёда аз 20 соли охир истеъмоли нон 6 маротиба зиёдтар назар ба меъёри тавсияшуда ба назар мерасад, ки метавонад паёмадҳои манфӣ ба саломатии инсон дошта бошад. Илова бар ин, истеъмоли тухм, мевагӣ ва картошка аз меъёри тавсияшуда кам мебошад.
Зарари кам ё зиёд хӯрдани маҳсулот ба саломатии инсон
Ҳаким Худойбердиев, корманди Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳам ба ин андеша розӣ аст, ки истеъмоли воқеии аҳолӣ дар муқоиса бо тавсияномаҳо фарқ мекунад ва худи тавсияҳо ба воқеият камтар мувофиқат мекунад.
Бо ин вуҷуд, ӯ мегӯяд, истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба менталитети мо вобастагӣ дорад, вале истеъмоли аз меъёр зиёди он ба бемориҳои зиёде, мисли фарбеҳӣ оварда мерасонад.
“Маълум аст, ки дар заминаи фарбеҳшавӣ эҳтимолияти гирифторӣ ба бемориҳои дил, фишорбаландӣ, диабети қанд ва чандин бемориҳои дигар зиёд мешавад. Ғайр аз ин, тавоноии ҳаракати инсон ҳам паст мешавад, чунки гуногунии ғизо риоя намешавад”, - гуфт Худойбердиев.
Номбурда бар ин назар аст, ки бояд гуногунии истеъмоли ғизо ба назар гирифта шуда, риоя шавад, то шахс сафеда, чарбу, минералҳо ва витаминҳои заруриро гирад.
“Дилхоҳ маводҳои ғизоӣ аз 5 элемент иборат аст: сафеда, чарбу, углевод, витамин ва моддаҳои минералӣ. Дар баъзе маҳсулот ҳамаи ҳамин элементҳо ҳаст, лекин ба таври зарурӣ нест. Масалан дар шир, гӯшту тухм сафеда бисёр аст, дар маҳсулотҳои нонӣ углевод бисёртар аст. Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки гуногунии истеъмоли маҳсулот бояд риоя шавад”, - зикр кард ин масъули бахши тандурустии вилояти Хатлон.
>
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, тақрибан якуним миллион сокини Тоҷикистон вазни зиёдатӣ доранд ва аз ҳар даҳ як нафар аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд.
Тибқи маълумоти ТУТ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон 2,8 миллион нафар аз бемориҳои фарбеҳӣ мефавтанд.
Барои ҳалли мушкилоти марбут ба вазни зиёдатӣ ва тарғиби ғизои мутавозин ҳукумат “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим барои солҳои 2019-2024”-ро қабул кард.
Ҳукумат барои пешгирии бемориҳои вобаста ба ғизо тавсия медиҳад, ки ба тарзи ҳаёти солим - ба варзиш машғул шавед, аз меъёр зиёд хӯрок нахӯред ва меваву сабзавот бештар истеъмол кунед.
Ҳарчанд “Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар ҶТ” номгуйи маводҳои ғизоӣ ва ғайриғизоиро муайян кардааст, вале арзиши онро, ки барои як нафар дар як рӯз, як моҳ ё як сол чӣ қадар маблағ лозим то эҳтиёҷоти худро қонеъ кунад, ҳисоб нашудааст. Агар қонун дар бораи сабади истеъмолӣ қабул шуда, арзиши сабади истеъмолӣ низ ҳисоб карда шавад, бояд ҳадди ақал маош низ ба ҳамон сатҳе, ки арзиши сабади истеъмолӣ ҳисоб мешавад бардошта шавад.
Чаро қонун дар бораи сабадӣ истеъмолӣ қабул намешавад?
То чанд соли пеш, Агентии омори назди президенти кишвар дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳаҷми сабади истеъмолиро дар кишвар расман ҳисоб ва онро расонаӣ мекард. Вале давоми 5 сол охир ин чиз дида намешавад ва масъулини Оҷонсии омор низ сабаби онро шарҳ надоданд. Чунин менамояд, ки дигар ҳеҷ ниҳоде онро ҳисоб намекунанд.
Ҳарчанд, Фарида Муминова, номзади илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ҳисоби он кори мушкил нест, вале вақте даромади аҳолӣ каму зиёд ва ё нархи бозор тағйир мехӯрад, буҷаи давлат қобилияти ҷуброни онро надорад.
“Мутаассифона, имрӯз имконият буҷаи давлат камтар аст ва қобилияти ҷуброни ҳаҷми сабади истеъмолиро дар ҳолатҳои истисноӣ надорад. Аз ин хотир, имрӯз ҳукумат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз дигар роҳҳо таъсир мерасонад. Мо ба самти қабули қонун дар бораи сабади истеъмолӣ рафта истодаем. То соли 2025 омодагиҳо давом мекунад ва агар имкониятҳо фароҳам ояд, шояд чунин қонун қабул шавад”,- гуфт Фарида Муминова.
Қабули қонун сатҳи камбизоатиро дар кишвар поин мекунад?
Масъалаи дигаре, ки дар робита ба қабули қонун дар бораи сабади истеъмолӣ чанд сол аст баҳс мешавад, ин поин овардани сатҳи камбизоатӣ ба воситаи қабули ин қонун аст. Ин масъала дар маҳфилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ байни коршиносону иқтисодшиносон баҳс мешавад ва назари онҳо дар робита ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ баъди қабули қонуни сабади истеъмолӣ яксон нест.
Моҳтоббӣ Одиназода, муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бовар дорад, ки қабули қонун метавонад сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад.
“Ин масъала ду тараф дорад. Якум, агар қонунро қабул кунем ва ба натиҷаи мусбат дастёб шавем, хуб аст. Вале паҳлӯи дигар, ин аст, ки имрӯз, индикатори сабади истеъмоли баланд аст ва буҷет бардошти ин имкониятро надорад. Дар ин ҳолат қабули он ба буҷет таъсири манфӣ мерасонад”,- афзуд масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Вале Гулрафтор Абдурасулова, сардори Раёсати кӯмакҳои унвонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ назари дигар дорад. Ӯ бар ин андеша аст, ки қабули чунин қонун наметавонад сатҳи камбизоатиро пурра аз байн барад, вале имкони коҳиши сатҳи камбизоатиро фароҳам меорад. Чунки сатҳи камбизоатӣ ба дигар омилҳо, мисли офатҳои табиӣ ҳам вобастагӣ дорад ва як оила метавонад, ки доро бошад, вале баъди офати табиӣ метавонад ба як оилаи камбизоат табдил ёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар 7 соли охир 8,5 дарсад поин шудааст. Маслан, агар соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 31 дарсад бошад, соли 2022 ин рақам 22,5 дарсад поин фаромадааст.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 декабря 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Искусство, которое передаёт больше, чем слова. Тайны китайской каллиграфии
Когда и где пройдет Tarona Music Award-2024?
Рабочие группы Таджикистана и Кыргызстана подписали протокол о завершении делимитации общей границы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста