Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва ширкати Eging PV Technology Co., LTD-и Чин Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ» ба имзо расонида шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, санад рӯзи 29 май аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндаи ширкати Eging PV Technology Co., LTD Менг Ёнгфанг имзо шуд.
“Ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи аввал сохтмони неругоҳи барқи офтобиро бо маблағи 150 млн. доллар бо иқтидори 200 МВт дар масоҳати 250 га замин дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ба роҳ монад”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағи умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 1,5 млрд долларро ташкил медиҳад.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод хабар дода буд, ки Корпоратсияи давлатии «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd»-и Чин дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 МВт (400 млн. доллар сармоягузорӣ) фаъолияти худро оғоз намудааст.
Як ҳафта пеш ширкати Global Solar Wafer-и Кореяи Ҷанубӣ ба сохтмони корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобӣ дар МОИ “Данғара” оғоз кард. Дар гузоштани санги асоси сохтмони он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, дар баробари гидроэнергетика, Тоҷикистон ба масоили азхудкунии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергеияи офтоб таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, зеро зиёда аз 200 рӯз дар кишвар офтоб нурпошӣ мекунад.
МОИ “Панҷ” дар қаламрави ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Ин минтақа соли 2009 таъсис дода шуда, дар он 12 субъект ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор дар соли 2023 танҳо 6 субъект фаъолият дошта, дар онҳо ба маблағи ҳудуди 31 млн сомонӣ (2,8 млн доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст.





Хотите кому-нибудь помочь в месяц Рамазан, но не знаете, кому? У нас есть список и контакты
Талбак Назаров — патриарх таджикской дипломатии
Три добровольных милостыни в месяц Рамазан
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 марта 2026 года
80 лет Душанбинскому заводу «Торгмаш»: от начала строительства до мировой известности
Зимняя Паралимпиада-2026 проходит без Таджикистана. Республика участвовала в таких Играх лишь однажды — вспоминаем, когда
Муфтий Таджикистана сообщил, когда наступит ночь Предопределения и Могущества
Гибель детей в Минабе. Преступление, которое может стать концом для Дональда Трампа и его министра войны
Япония поможет улучшить лечение проктологических заболеваний в Таджикистане
Товарооборот между Узбекистаном и Таджикистаном может вырасти еще на 40% — эксперт
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста