Шурӯъ аз рӯзи 21-уми ноябр рухсатнома барои боркашонии транзитӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор шудааст ва мошинҳои боркаш метавонанд бидуни он ҳудуди давлатҳои ҳамдигарро убур кунанд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз вазорат гуфтанд, ки онҳо пас аз тасвиби созишнома аз сӯи палатаи поёнии парлумон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи иҷрои расмиёти дохилӣ барои лағви рухсатнома огоҳ кардаанд.
Вале ҷониби Ӯзбекистон дар бораи бекор кардани рухсатнома бо Тоҷикистон то ҳол расман хабар надодааст.
Бар асоси маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, акнун мошинҳои боркаши ду кишвар метавонанд тариқи транзит ба таври озод, бе зарурати гирифтани рухсатнома, ҳудуди кишварҳои ҳамдигарро убур кунанд.
Масъули як ширкати боркашонӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, чанд рӯз боз мошинҳои боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон бе рухсатнома равуо мекунанд, вале барои рафтан ба кишвари сеюм тавассути Ӯзбекистон он лозим аст.
“Танҳо транзит байни ду кишвар аз байн рафтааст. Як-ду нафар ронандаи дигар ширкатҳо баъди лағви иҷозатнома сарҳадро убур карданд. Онҳо гуфтанд, ки транзит аз байн бардошта шудааст, аммо агар ба тариқи Ӯзбекистон ба дигар кишвар рафтан хоҳӣ “дозвол” лозим мешавад”, - гуфтанд аз ширкати боркашонӣ.
Қаблан, барои аз қаламрави Ӯзбекистон гузаштани мошинҳои калонҳаҷми боркаш рухсатнома лозим буд, ки дар моҳҳои охир арзиши он баҳсбарангез гардид.
Аз ҷумла, моҳи январи соли равон ронандагон дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” аз мушкилоти дарёфти рухсатнома шикоят карданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин монеа сафарҳои тиҷоратии онҳоро сахт маҳдуд кардааст. Он замон Азим Иброҳим, вазири нақлиёт гуфта буд, ки ин санадро на худашон нашру дастрас мекунанд, балки аз Ӯзбекистон мегиранд.
Рухсатномаи баркашонӣ ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешуд.
Ёдовар мешавем, ки протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 дар чаҳорчӯби сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел ба имзо расида буд. Онро моҳи сентябри соли равон парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 апреля 2025 года
Первый выпуск подкаста TajTech: Азизджон Азими — о стартапах, искусственном интеллекте и будущем Таджикистана
«Это не наша война». США прекратят попытки добиться мира в Украине, если не увидят прогресса
СМИ: гражданин Таджикистана планировал теракт на концерте комика Павла Воли
Борьба за гендерное равенство в Таджикистане: эстафету принимает молодое поколение
«Азия-Плюс» поставила эксперимент – мы мусорили в парке и наблюдали за реакцией людей
Более $30 миллионов принесли бюджету России экзамены по русскому языку для мигрантов
«Парасту-2025»: Какие послания передали зрителю спектакли «Звезда в Хатлонской земле» и «Местная невестка»?
Почему прямое столкновение Ирана и США невозможно, и какие могут быть последствия, если это всё же произойдёт?
Цифровизация Таджикистана замедляется из-за нехватки специалистов и отсутствия единой платформы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста