Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишварро ташвишовар хонда, гуфтааст, ки бояд ҳама бидонанд, ки минбаъд барои “дузди”-и нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 25-уми апрел зимни машварати корӣ бо масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахши энергетика баён дошт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур, дар ҷаласа аз ҷумла, “тадбирҳо дар самти паст кардани талафоти нерӯи барқ” баррасӣ шуда, роҳбари давлат гуфтааст, ки маҳз барои назорати баҳисобгириву истифодаи нерӯи барқ Оҷонсии назорати энергетика таъсис ёфтааст.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар оид ба истифодаи ғайриқонунии барқ ҳисобот дода, аз ҷумла гуфтаанд, ки “барои муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудааст”.

Раисҷумҳур масъулинро вазифадор кардааст, ки муайян шудани ҷазо барои “дуздӣ”-и барқро “ба ҳар як оилаи кишвар фаҳмонанд”.
“...ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзур карда шудааст, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст”,- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, зикр шудааст, ки тайи чанд соли охир, барои паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумати кишвар “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, муқаррар карда шуд.
Тарҳи мазкурро рӯзи 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карданд ва рӯзи 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба тасвид расониданд. Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро дар ин бора имзо кард.
Бар пояи ин тарҳи қонун касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.





Семье погибшего на границе с Афганистаном таджикского офицера предоставили квартиру в Бохтаре
Полмиллиона или миллион? Сколько таджикских мигрантов работает в России?
Жительницу Хуросона приговорили к 18 годам тюрьмы за убийство трехлетней дочери
Основной голкипер душанбинского «Истиклола» Никола Стошич перешел в «Хорезм»
США ввели требование об уплате визового залога для граждан Таджикистана и еще 37 стран
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 января 2026 года
Спортивные итоги года: как Таджикистан прошел сезон-2025 на международной арене
В Душанбе выбрали лучшие маркетинговые кейсы 2025 года
У родителей в Душанбе забрали ребенка, занимавшегося бродяжничеством
«Говорить о транзите власти рано». Президент Казахстана рассказал о своем самочувствии и здоровье своих коллег по СНГ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста