Дар шаҳри Шерози Эрон рӯзҳои 5-6 май ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа масоили калидии шарикии дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, энергетика, бахши кишоварзӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки ҷаласаи кунунии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба як марҳилаи назаррас дар таҳкими муносибатҳои кишварҳо гардид.
Ӯ зикр кард, ки дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 377,7 млн доларро ташкил дод, ки 48,4% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши молу маҳсулот ба андозаи 42,9% афзуда, 110,6 млн долларро ташкил додааст.
Ба иттилои хабаргузории Mehr, Далер Ҷумъа зикр кардааст, ки “аз афзоиши гардиши молу маҳслуот то ним миллирад доллар интизорӣ меравад”.
Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ ба Эрон ва бекор намудани раводид миёни кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.
Имзои якчанд ёддошти тафоҳум, ки ҷанбаҳои васеъ: аз стандарткунонӣ то бахши кишоварзиро дарбар мегиранд, як қисми муҳими ҷаласа буд.
Яке аз санадҳои калидӣ Ёддошт миёни Созмони миллии стандартии Эрон ва Агентии стандартизатсияи Тоҷикистон мебошад, ки ба беҳбуди сифати маҳсулоту хидматгузорӣ дар ҳарду кишвар равона шудааст.
Тавре ки ИРНА хабар медиҳад, байни ширкати “Сотроби формадгустари порсиён”-и Эрон ва Иттиҳоди миллии моҳипарварии Тоҷикистон ёддошт ва ҳамчунин дар бораи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи захираҳои об ва энергетика созишномаҳо ба имзо расиданд.

Вазири энергетикаи Эрон Аббос Алиободӣ зикр кардааст, ки ёдоштҳои имзошуда дар ҷараёни кори форум ба рушди лоиҳаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи касбу ҳунар ва нассоҷӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон нигаронида шудаанд.
Алиободӣ таъкид доштааст, ки имзои чунин санадҳо барои густариши ҳамкории дуҷониба, бахусус дар соҳаи хидматрасонии техникӣ ва муҳандисӣ асос мешаванд.
Ҷонибҳо дар мавриди таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои пайгирӣ (мониторинг) ва иҷрои муқаррароти ёддоштҳо ба мувофиқа расидаанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки ёддошт ва созишномаҳои имзошуда барои шарикии оянда заминаи қавӣ фароҳам меоранд.
“Мо интизорӣ дорем, ки иқдомоти мазкур ба рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти робитаҳо байни кишварҳо мусоидат мекунанд”, - зикр кардааст ӯ.

Дар иттилоияи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зикр мешавад, ки тайи солҳои ахир ҷараёни муносибатҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳо беҳтар шуда, барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳое чун энергетика, нақлиёт, геология ва захираҳои обӣ имконоти нав муҳайё мешавад.
Гуфта мешавад, имзои протоколи ниҳоӣ дар рӯзи 6 май қарордодҳои ҳосилшударо расмӣ карда, самтҳои густариши минбаъдаи ҳамкориро муайян хоҳад кард.
Таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, рушди инфрасохтор, афзоиши сармоягузориҳои мутақобила ва идомаи мубодилаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ мебошанд.
Дар доираи ҷаласа ҳамчунин форуми сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки бахши муҳими баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ ба шумор меравад.
Форум беш аз 30 соҳибкори эронӣ ва 25 соҳибкори тоҷикро гирдиҳам овард, ки ба роҳандозии робитаҳои нави корӣ имкон дод. Дар ҷараёни кори форум ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, энергетика ва инфрасохтор баррасӣ карданд.
Ғайр аз масъалаҳои иқтисодӣ, дар ҷаласа ҳамчунин равобити фарҳангӣ ва башардӯстона миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Волии вилояти Форс Ҳусейналӣ Амирӣ пешниҳод кард, ки лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои сайёҳии тиббӣ ва фарҳангӣ таҳия шаванд. Ҳамчунин имкониятҳои роҳандозии табодули фарҳангӣ миёни Шероз ва Душанбе баррасӣ шуданд.
“Мо итминон дорем, ки рушди равобити фарҳангӣ ва сайёҳӣ миёни кишварҳои мо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми мутақобила миёни халқҳои мо мусоидат хоҳад кард”, — таъкид доштааст Амирӣ.