Минтақаи Осиёи Марказӣ бо камбуди рӯзафзуни газ дучор мешавад: минтақае, ки аҳолиаш ҳамасола зиёда аз 1 млн нафар меафзояд, аз уҳдаи қонеъ сохтани талаботи рӯзафзун ба энергия намебарояд. То соли 2030 ба ҷумҳурӣ метавонад то 25 млрд м³ гази воридотӣ дар як сол лозим шавад. Дар ин бора портали иттилоотии Logistan.info, ки масоили иқтисодии Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад, хабар медиҳад.
Осиёи Марказӣ ба норасоии рӯзафзуни газ, ки ҳарчи бештар онро “қаҳтии газ” меноманд, дучор аст. Сабабҳояш маҷмӯавӣ ва доимӣ мебошанд.
Аввалан, афзоиши босуръати аҳолӣ: ҳамасола теъдоди аҳолии минтақа зиёда аз 1 млн нафар меафзояд. Ин маънои онро дорад, ки талабот ба газ барои гармидиҳӣ, пухтани хӯрок, нақлиёт ва истеҳсоли нерӯи барқ рӯз то рӯз зиёд мешавад.
Дуюм, саноатикунонии иқтисоди минтақа фаъолона ҷараён дошта, корхонаҳои нав сохта мешаванд ва талабот ба энергия зиёд мешавад.
Сеюм, зерсохтори хеле фарсудашуда: садама дар шаҳрҳои бузург осебпазирии низомҳои таъминот бо гармӣ ва газро нишон медиҳанд, ки бисёр вақт ба сарбории мавсимӣ тоб намеоранд.

Мушкилот посухи ҳамаҷонибаро тақозо мекунд: аз ҷумла таъмиру навсозии шабакаҳо, ҷалби сармоягузориҳо ба истихроҷ, интиқол ва захираи газ, инчунин тарҳрезии стратегӣ бо назардошти тағйироти демографӣ, иқлимӣ ва технологӣ. Бидуни роҳандозии чунин тадбирҳо, минтақа метавонад аллакай дар зимистони наздик ба хафви гирифтор шудан ба буҳронҳои энергетикии такроршаванда дучор гардад.
Қирғизистон ва Тоҷикистон: вобаста ва осебпазир
Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳолати қариб вобастагии пурра ба воридоти захираҳои энергетикӣ қарор доранд. Ин кишварҳо амалан аз истихроҷи мустақилонаи нафту гази табиӣ маҳруманд, ки дар пасманзари тағйироти ҷаҳонии энергетикӣ, онҳоро ба ҳолати осебпазир мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди аҳолии ҳарду кишвар устуворона афзуда, талабот зиёд мешавад ва шаҳру зерсохторҳои дар ҳоли рушданд, ки фишор ба низомҳои энергетикиро тақвият мебахшад.
Мавҷуд набудани заминаи ашёи хоми дохилӣ на танҳо имконот барои мустақилияти энергетикиро маҳдуд месозад, балки иқтисодро нисбат ба таҳвилҳо аз хориҷа, нарх ва шароити сиёсӣ ҳассос месозад.
Қазоқистон: афзоиш дар хориҷа ва камбуд дар дохил
Бо вуҷуди афзоиши истихроҷи газ, ки дар соли 2024 ба 59,2 млрд м³ расид (+ 6,4% нисбат ба соли 2023), Қазоқистон бо норасоии газ дар дохил рӯбарӯст. Қариб нисфи гази истихроҷшуда (тақрибан 30 млрд м³) барои нигоҳ доштани истихроҷи нафт ба қабатҳо баргардонида шуда, танҳо 29 млрд м³ барои истифода дар тиҷорат дастрас мемонад.

Дар ин пасманзар, содирот ба Чин 40% - то 8,7 млрд м³ коҳиш ёфт. Мақомот таъмини бозори дохилиро афзалтар медонанд. Кишвари дорои бузургтарин захираҳои газ дар минтақа ҳарчи бештар байни таносуби фоидаи содирот ва эҳтиёҷоти энергетикӣ дар дохили кишвар қарор гирифтааст.
Ӯзбекистон: аз содиркунанда ба воридкунандаи вобаста
Саноати газ ва нафти Ӯзбекистон ба аз додани мавқеъҳои худ идома медиҳад. Соли 2024 истихроҷи гази табиӣ 44,6 млрд м³-ро ташкил дод, ки 4,5% камтар аз соли гузашта аст. Истихроҷи нафт бештар - 8,5% коҳиш ёфта, то 713,4 ҳазор тонна поин рафт.
Бо вуҷуди нақшаҳои таъмини 26,5 млрд м³ газ барои тиҷорат дар соли 2025, ҳаҷми дохилӣ хеле нокофист: соли 2024 Ӯзбекистон ба маблағи 1,7 млрд доллар аллакай аз Русия ва Туркманистон газ харид. Коҳиши истихроҷ аз солҳои 2010 оғоз шуда, як тамоюли устувор шудааст, ки кишварро аз содиркунанда ба воридкунандаи вобаста ба захираҳои энергетикӣ табдил медиҳад.
Туркманистон: пешсафи минтақа бидуни гази озод
Соли 2024 дар Туркманистон 41,3 млрд метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуда, кишвар яке аз пешсафони минтақа аз рӯи ҳаҷми истихроҷ боқӣ монд. Истеъмолкунандаи асосии гази Туркманистон Чин мебошад, ки бо он созишномаҳои дарозмуҳлати содиротӣ ба имзо расонида шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, имконоти афзоиши содирот ба дигар самтҳо хеле маҳдуд аст: қариб доир ба ҳамаи ҳаҷми дастрас қарордоҳо баста шудаанд. Сарфи назар аз истихроҷ бо ҳаҷми бузург, Туркманистон наметавонад нақши “болишти газӣ” барои минтақаро бозад, ки бо камбуди рӯзафзун дучор аст.

Нақшаҳо ҳастанд, лекин кам амалӣ мешаванд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи лоиҳаҳои буҳургмиқёс оид ба сохтмони Марказҳои барқу гармидиҳӣ, Нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳатто Нерӯгоҳи барқи ҳастаӣ (атомӣ) изҳори назар мекунанд, лекин дар амал аксарияти онҳо танҳо дар коғаз боқӣ мемонанд. Нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, ки дар бораи сохтмонашон дар Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хабар дода шуд, ҳоло дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор доранд. Монеъаҳои асосӣ доимӣ (системавӣ) унвон мешаванд.
Минтақа бо камбуди об, ки барои хунук кардани иншооти энергетикӣ лозим аст, инчунин камбуди мутахассисони соҳа, набудани сармоягузориҳои дохилӣ ва вобастагии баланди молиявӣ аз сармоягузории хориҷӣ дучор аст. Хавфҳои экологӣ ва баҳсҳои геополитикӣ, бахусус дар минтақаҳои фаромарзӣ аз ҷумла омилҳои иловагии боздорандаанд. Дар натиҷа, суръати воқеии афзоиши энергия ба нияҳои эълоншуда ва талаботи рӯзафзун мувофиқ нестанд.
Сиёсати таърифа: афзоиши маҷбурӣ
Дар пасманзари камбуди энергетикӣ ва афзоиши хароҷоти дохилӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бознигарии сиёсати таърифа (тарифҳо)-и худ оғоз карданд. Нархи газ ва энергия тадриҷан боло рафта, барои шаҳрвандон гаронӣ мекунад. Ин ба болоравии сатҳи таваррум ва афзоиши фишори иҷтимоӣ, бахусус миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, боис мегардад.
Қаблан мақомот кӯшиш мекарданд, ки аз чунин иқдомот худдорӣ кунанд, зеро аз эътирозҳо ва коҳиш ёфтани эътимод ҳарос доштанд, аммо вазъияти кунунӣ онҳоро ба қабули тасмимҳои номақбул дар ҷомеа маҷбур мекунад. Дар шароити манбаъҳои маҳдуд ва талаботи рӯзафзун, болоравии таърифаҳо ба як чораи зарурӣ ва дарднок табдил ёфтааст.

Оянда: воридоти рӯзафзун ва вобастагиҳои пӯшида
Мувофиқи пешгӯиҳо, то соли 2030 талаботи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад то 25 млрд метри мукааб дар як сол расад, ки қариб ду баробар зиёдтар ба ҳаҷмҳои ҳозираи харид аст.
Ба гумони ғолиб, сарфи назар аз вазъи ҳассоси сиёсӣ ва нияти минтақа ба гуногунсамтӣ, Русия таъминкунандаи асосӣ боқӣ мемонад. Аммо мушкили асосӣ мавҷуд набудани шаффофияти комил аст: қарородҳо оид ба интиқоди газ пӯшида боқӣ монда, ба ҷомеа нархҳову ҳаҷм ва муҳлату шартҳо номаълуманд.
Чунин ношаффофӣ вобастагии пӯшидаро ба таъсир аз хориҷа тақвият медиҳад. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақа кӯшиш мекунанд, ки тавозун байни зарурат доштан ба энергетика ва мустақилият дар сиёсатро нигоҳ доранд.







