Тоҷикистон аз лиҳози суръати рашди саноат миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зинаи якумро касб мекунад. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 29,6 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 -ум 24% зиёдтар мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар дод.
Ба ин тариқ, миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистонӣ ба рушди аз ҳама бештар ноил гардида, аз Қирғизистон (17,2%), Ӯзбекистон (6,6%), Қазоқистон (6,5%), Русия (2,4%) ва дигар давлатҳо пеш гузашт.
Шералӣ Кабир таъкид дошт, ки "чунин суръати баланди рушд ба туфайли дастгирии давлат, муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ҷорисозии инноватсияҳо ва талошҳои корхонаҳои ватанӣ имконпазир шуд".
Дар сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соҳаи истихроҷ пешсаф буда, 43,1% аз ҳаҷми умумиии истеҳсол ба он рост омадааст. Баъдан истеҳсоли нерӯи барқ (17,2%), саноати сабук (16,2%), мошинсозӣ (8,5%), соҳаи сохтмон (6,1%) ва саноати хӯрокворӣ (5,8%) қарор доранд. Ин 6 соҳа зиёда аз 96% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро таъмин кардаанд.
Саноати истеҳсоли коғаз (1%), саноати пахтатозакунӣ (0,7%), истихроҷи намак (0,9%), нафту газ (0,3%), саноати истихроҷи ангишт (0,4%) ва дигар хидматрасониҳо (0,4%) ҳиссаи нисбатан камтар доранд.
Бахшҳои ҷудогона рушди назаррасро нишон медиҳанд:
- истеҳсоли маводи бастубанд ба андозаи 172%,
- маҳсулоти дорусозӣ - 161,7%,
- таҷҳизоти барқӣ - 136,3%,
- маснуоти резини техникӣ ва фулузот (металлӣ) -129,7%,
- маснуоти пластмасса - 122,6%,
коғаз ва картон - 118,3%,
- маснуоти чармӣ - 111,2%,
- маҳсулоти бофандагӣ - 110,8%.
Дар робита ба савдои хориҷӣ бошад, гардиши умумӣ дар нимсолаи аввал ба 4,73 млрд доллар расида, аз ин миқдор 955,3 млн доллар ба содирот ва 3,78 млрд доллар - ба воридот рост меояд. Ба ин тариқ, ҳаҷми воридот аз содирот қариб 4 баробар зиёд аст.
Тибқи маълумот, то моҳи июли соли 2025 дар Тоҷикистон 2411 адад корхонаҳои саноатӣ амал мекарданд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.




