Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гургҳое, ки дар як моҳи охир рӯзона ба одамон ҳамла кардаанд, безарар гардонида мешаванд. Аз ҳамлаи гургон асосан кӯдакон зарар дидаанд.
Моҳи январи соли равон, рӯзона гургон ба кӯдаки 5-солае аз деҳаи Даштак, воқеъ дар 9 - километраи маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ ҳамла кардаанд. Кӯдакро наҷод дода ба беморхонаи вилоятӣ интиқол додаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як сокини маҳаллӣ иттилоъ дод.
Пас аз чанд муддат гургон ба корманди милисаи 30-сола, ки шабонгаҳ аз хонааш берун баромадааст, ҳуҷум кардаанд. Ӯро низ ҳамсоягон аз чанголи гург халос кардаанд. Ин воқеа низ дар деҳаи Даштаки ноҳияи Шуғнон рух додааст.
Чанд рӯз пештар гургҳо ба кӯдаки 6-сола аз деҳаи Сипинз ҳамла намудаанд. Наздикони кӯдак тавонистанд кӯдакро аз чанголи гург наҷод диҳанд ва ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона қарор дорад.
Вобаста ба ин ҳолат, мақомоти интизомии маҳаллӣ якҷо бо шикорчиён амалиёти безараргардонии ин даррандагони ваҳширо роҳандозӣ намудаанд. Сокинони маҳаллӣ шумораи онҳоро беш аз 10-то мегӯянд.
Чанде пеш шикорчиён 3 гургро безарар гардониданд ва ду гурги дигар бо ҷароҳатҳо фирор кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
JICA предоставляет медицинское оборудование для повышения качества медицинских услуг в Таджикистане
Как простой сельский учитель собирает музей Мирзо Турсунзаде
«Сомон Эйр» открывает прямые рейсы из Худжанда в Урумчи
КЧС предупреждает о грозах и усилении ветра
В Душанбе награждены победители республиканского конкурса «Сайри гули лола»
Барабанщик - сын барабанщика. Как Игорь Джавад-Заде стал №1 в России
Meet Up «Клиентский сервис как стратегия РОСТа»: обзор и ключевые моменты
Чупик: "Вслед за гражданами Таджикистана в Россию перестали пускать граждан Узбекистана и Кыргызстана"
Таджикистан и Нидерланды обсудили вопросы экстрадиции преступников
Что обсуждают и какую работу находят трудяги на «мардикор-базаре» в центре Душанбе?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста