Ронандаи сабукрави Hyundai Solaris дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расида, як кас дар ҳолати вазнин бистарии беморхона шудааст.
Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса зуҳри 11-уми июл дар километри 172-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух додааст. Ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб Далер Исмоилов аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардонро дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пахш кардааст. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буда, сабаби садамаи маргбор дақиқ маълум нест.
Бар асари ҳодиса пиёдагардони канори роҳ – яке сокини 36-солаи ҷамоати деҳоти Оқтеппаи ноҳияи Спитамен Ғолибҷон Хоҷаматов ва дуюмӣ ҷавони 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ Муҳаммадкарим Ҷумъаев буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров Тоҳирҷон Шарифов айни замон дар шуъбаи эҳёи бемористони ноҳияи Шаҳристон бистарист ва духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.
Ронандаи сабукрав дар ин садама осеб надидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как защитить лёгкие от городской пыли? Советы таджикского пульмонолога
Учителя английского языка пройдут цикл повышения квалификации на основе новых методик
В Душанбе в результате поножовщины ранены два брата
Таджикистан и Азербайджан заключили документы на $700 миллионов
К каким последствиям может привести гибель двух высокопоставленных политиков Ирана?
Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?
Обвиняемые в теракте в «Крокусе» не стали оспаривать продление ареста
С 11 июня вырастет плата за выдачу шенгенской визы
В Таджикистане в два раза снизилась цена на карбамид
Тихоходный экспресс. Как продвигается ускоренная индустриализация в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста