Ҷасади духтари 18-солаи ноҳияи Ёвонро сокинони маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дарёфт намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.
Гуфта мешавад, ин духтар ҳанӯз 27 июн ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шуда, ҷасадаш субҳи рӯзи 3 июл як километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шудааст.
Мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон 1 июн оғоз гардида, қариб рӯзе нест, ки касе дар дарёву кӯл ё дигар макони оббозӣ ғарқ нашавад.
Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 82 нафар ғарқ шудаанд, ки 42 нафарашон ноболиғон мебошанд.
Ба иттилои Кумита, сабаби ғарқшавии мардум, бахусус кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнӯъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба аҳолӣ хотиррасон менамояд, ки зимни истироҳат қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.