Наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд рӯзи 2-юми июл, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили рӯди Сир се нафар, аз ҷумла ду наврас ва як мардро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
“Аз ин се нафар ду нафар сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳарду 13-солаанд. Ва сеюмӣ сокини деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан буда, 29 сол доштааст”, - иттилоъ додааст сомонаи КҲФ.
Ба итилои ин ниҳод, ҳар се дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекардаанд.
Гуфта мешавад, пас аз наҷот ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шудааст.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳамгоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва шиновариро ҷиддан риоя намоянд.
Ин ниҳод ба волидон ҳушдор додааст, ки оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ҳамеша хатарнок аст ва нагузоранд, ки фарзандони ноболиғашон танҳо оббозӣ раванд.
Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то 5-уми июн дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд.
Ба иттилои КҲФ сабаби асосӣ - риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст.
Талибов призвали снять запрет на обучение женщин медицине
Дональд Трамп как закат «американской мечты»
Операция «Техосмотр». В Таджикистане выявили более 8 тысяч водителей без справки о проверке авто
«Алиф» получил 8 наград от Visa на 20-летии Digital Innovation в Таджикистане
Эмомали Рахмон открыл здания Верховного суда и обновленной филармонии в Душанбе
В Таджикистане снизили цены на услуги «Паспортно-визового сервиса» МВД России
Парламент Таджикистана утвердил госбюджет на 2025 год
ЕБРР выделит 8 миллионов евро на улучшение водоснабжения в Бохтаре и Дангаре
В Душанбе задержаны подозреваемые в продаже пиротехники
Что изменилось для мигрантов в России с 1 декабря?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста