Соли гузашта дар Тоҷикистон 639 офати табиӣ (557 ҳолат дар соли 2023) рух додааст, ки дар натиҷа, 17 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора имрӯз, 5 феврал, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттиллоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024-ум 17 нафар дар натиҷаи 13 ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2023 дар пайи 12 ҳодиса 51 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Ӯ зикр кард, ки аз шумораи умумии офатҳои табиӣ танҳо 50 ҳолат зарари моддӣ расонидааст, ки маблағи он 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2023-юм офатҳои табиӣ 76 миллиону 770 ҳазору 210 сомонӣ зарари молӣ расонида буданд.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ соли гузашта 334 хона осеб диданд, ки аз онҳо 102 хона пурра хароб, 50 хона қисман вайрон ва 174 хона осеби сабук дидаанд. Ҳамчунин, 1915 иншооти ёрирасон, 12 муассисаи таълимӣ, 12 иншооти фарҳангӣ ва истиқоматӣ, инчунин 542 километр роҳҳои нақлиётӣ, аз ҷумла 58 километр роҳҳои автомобилгард хароб шудаанд.

Илова бар ин, 80 пул, 139 километр хатҳои интиқоли барқ, 154 километр хатҳои обёрӣ ва 29,7 километр минтақаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зарар дидаанд.
Офатҳои табиӣ ба соҳаи кишоварзӣ низ хисороти ҷиддӣ расонидааст. 2729 гектар заминҳои кишоварзӣ нобуд шуданд, инчунин 1117 сар чорво талаф ёфтааст, ки аз онҳо 191 сар чорвои калон ва 823 сар чорвои хурд буданд. Ҳамчунин, 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар диданд.
Барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои осебдида маводи сохтмонӣ, инчунин молҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.




Франция, Великобритания и Украина договорились о размещении войск на украинской территории
В Москве задержали уроженку Таджикистана, подозреваемую в гибели блогера Юлии Бурцевой
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 января 2026 года
Махмурод Ашуров после публикации материала «Азия-Плюс» нашёл Назирбиби. Он спас ее 57 лет назад
В Таджикистане открыли 15 комнат поддержки для жертв насилия
Культурные события 2025 года, которые стали знаковыми для Таджикистана
В Узбекистане изъяли 32 кг ввезенных из Таджикистана наркотиков
Рамзан Кадыров назначил своего 20-летнего сына Ахмата на должность вице-премьера Чечни
Хлопок начал дорожать на мировом рынке после длительного периода снижения цен
«Имон Интернешнл» объявляет о беспрецедентном снижении кредитных ставок — до -8%
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста