“Изоҷатномаи фаъолияти ин кӯдакистон аввали соли ҷорӣ ба анҷом расида, он ғайриқонунӣ фаъолият мекард”. Ин нуктаро Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти матбуотии имрӯза, дар робита ба қазияи марги кӯдаки дусола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе зикр кард.

Марги кӯдаки 2-сола дар моҳи майи соли ҷорӣ дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и пойтахт дар пайи аз панҷараи ошёнаи дуюми рахти хоб овезон шудан, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Вазири маориф гуфт, фаъолияти кӯдакистонро шуъбаи маорифи ноҳияи Сино бояд назорат мекард, вале ваколати додани иҷозатнома бар зиммаи Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм аст, чунки ин муассиса хусусӣ аст.

Раҳим Саидзода дар байн
Акс аз Asia-Plus

“Ҳоло ин кӯдакистон фаъолият надорад ва баъди бартараф кардани камбудияҳояш бояд барои гирифтани иҷозатнома дархост пешниҳод кунад”, гуфт Раҳим Саидзода.

Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Амирулозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки тафтиши ин қазия ба анҷом расида, парвандаи муррабӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дар пайванд ба ин қазия, мақомот муррабии 29-соларо боздошт карданд ва барои “иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак” ё моддаи 174 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карданд. Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ  то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомот гуфтанд, ки муррабӣ “дар вақти хоби рӯзона кӯдаконро танҳо гузошта, дар ҳуҷраи хоби кӯдакон ҳузур надоштааст”.

Номи ин зан зикр карда нашуда, назараш дар робита қазияи мазкур ҳам то кунун маълум нест.

Ҳодисаи марги кӯдаки ду сола дар кӯдакистон мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Теъдоди бештари волидон аз вазъи кӯдакистонҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.

Бархе аз корбарон ҳаёту солимии кӯдаконро ташвишовар хонда, талаб карданд, ки назорат аз болои муассисаҳои томактабии хусусӣ ва давлатӣ шадидтар ва масъулияти кормандон қатъитар ба роҳ монда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.