Ҷасади як зан ва се фарзанди ӯ, ки дар хонаашон, дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мурда пайдо гардиданд, дирӯз, 9-уми сентябр ба хок супурда шуданд. Аммо то ҳол мақомот шарҳ надодаанд, ки ин модар ва се фарзанди ӯ дар кадом шароит ҷон бохтаанд ва оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст ё не. Ва ин марги мармузу сукути мақомот сокинони деҳаро тарсонидааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба нақли ҳамсояҳои ин оила менависад, ки ҳодиса шоми ҷумъаи 5-уми сентябр рух додааст. Он рӯз ҳамсояҳо бори охир ин занро дидаанд. Онҳо гуфтаанд, ҷасади модару ду духтар ва як писарашро баъди ду рӯзи марг пайдо кардаанд.

“Номи зан Шаҳло аст. Духтаронаш Ҳабиба ва Ҳамида ва писараш Шараф ном доштанд. Писар синфи 6 ва духтаронаш дар синфи 9 ва 10 таҳсил мекарданд. Шавҳари зан дар муҳоҷирати кор буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омад. Шаби ҳодиса зан бо ҳамин се фарзандаш дар хона будаанд”, - гуфтаанд ҳамсояҳои ин зан ба Радиои Озодӣ.

Ин расона менависад, шавҳари зан аз Русия ба ҳамсояҳо занг зада гуфтааст, ки ба хонааш раванд, чун телефони хонаводааш кор намекунад.Ӯ хоҳиш кардааст, ки “”як бор бинед ку дар куҷо бошанд”.

“Вақте зани ҳамсоя бо як ҳамсояи дигар вориди хона мешаванд, мебинанд ҳама ҷо кофтагӣ, бӯйи ғализ мебарояд. Як ҷойгаҳро мебинанд, ки писараш даҳонаш бо “скотч” печонидагӣ, мурдааст. Доду фарёд карда, мебароянд. Баъд милиса омада, дар хона ҷасадҳоро мебинанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти расмӣ изҳороте нашр накардаанд. Маълум нест, ки ин зан ва се фарзанди ӯ дар чӣ шароит ҷон додаанд ва оё дар робита ба ин касе гумонбар аст ё боздошт шудааст ё не.

Сукути мақомот сокинони деҳаро ба ҳолати тарс овардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз марги мармузи зану фарзандони ӯ менависанд.

Ҳамчунин, наворҳое нашр гардид, ки дар он гуфта мешавад, зан ва фарзандони кушташудаи ӯ дар деҳаи Дарёобод ба хок супорида шуданд.

Бояд гуфт, ин ҳодиса шабеҳи кушторҳои соли гузашта дар Конибодом мармуз аст. Дар ин шаҳр давоми қариб як сол 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Кушторҳои пайдарпай ва мармузу шабеҳ сокинони ин шаҳрро дар ҳолати тарс нигоҳ медошт.

Ниҳоят, 21-уми декабри соли 2024, пас аз 9 моҳ аз оғози кушторҳои пурасрор Додситонии кул бо нашри як изҳорот хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом, чаҳор нафар боздошт ва ба щукми абад мащкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.