Душанбе. 22-юми июн - Додситонии кулли То ҷ икистон чораи ҳабси пешакии Ҳокимшоҳ Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Tajik Air»-ро тағйир дод. Бар асоси ин тағйирот, Ҳокимшо Тиллоев аз боздоштгоҳи муваққат ӣ озод карда шуд.

Баҳодур Ҳомидов, сарвари раёсати ҷ иноятҳои махсусан вазнини додситон ӣ , гуфтааст, бар асоси ин қарори мақомоти тафтишот ӣ , чораи ҳабси пешак ӣ нисбати Ҳокимшо Тиллоев бо гирифтани забонхат дар бораи набаромадан аз маҳалли иқомат иваз карда шуд. Оқои Ҳомидов гуфт, дар ҷ араёни тафтиши қазия Тиллоев ҳақ надорад, ки бидуни огаҳ ӣ маҳалли иқоматашро тағйир диҳад.

Боздошти Ҳокимшоҳ Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Tajik Air», р ӯ зи 17 июн сурат гирифт. Додситонии кулл изҳор карда буд, ки мавсуф аз р ӯ йи чанд моддаи қонунгузории ҷ иноии То ҷ икистон муттаҳам мешавад ва яке аз ин иттиҳомот с ӯ йистифода аз мансаб аст.

Тибқи ин манбаъ, парвандаи ҷ иноии раиси собиқи ширкати «Tajik Air» бар асоси шикояти чанд шаҳрванди То ҷ икистон боз шудааст, ки бо оқои Тиллоев «муомилаи пул ӣ » доштаанд.

Ҳокимшоҳ Тиллоев аз 30 январи соли 2006 то 20 ноябри соли 2008 раиси ширкати «Tajik Air» буд. Дар ин бора бахши тоҷикиии сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар медиҳад.