Кумитаи тафтишоти Русия ба тафтиши парванда нисбати боз 4 тан аз иштирокчиёни қазияи пурсарусадои «гурӯҳи ҷиноятпешаи GTA», ки ба содир намудани як силсила ҷиноятҳои ғорату роҳзанӣ ва куштори ронандагон дар вилояти Маскав гумонбар дониста мешаванд, идома медиҳад.

Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад , ки дар суди вилояти Маскав мурофиаи судӣ нисбати 9 нафар айбдоршавандагон дар робита ба ин парванда оғоз шудааст.

«Нисбати чор тан аз узви гурӯҳ, ки пинҳон шудаву мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд,  тафтиш идома дорад. Ду нафари онҳо дар қаламрави Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, ба он ҷо ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо барои ҷиноятҳои содиршуда дар қаламрави Русия маводҳои парванда фиристода мешавад. Боз як узви гурӯҳ мавриди ҷустуҷӯи федералӣ қарор дорад», - омадааст дар маълумот.

Суди вилояти Маскав муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани аъзои ин гурӯҳи ба истилоҳ GTA-ро, ки ба як силсила кушторҳо дар роҳҳои мошингарди шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга давоми солҳои 2012-2014 гумонбар дониста мешаванд, то 28 декабр дароз карда, мурофиаи судӣ ба санаи 19 июл муқаррар шудааст.

Айни замон аъзои ин гурӯҳ - Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳонов, Анвар Улуғмуродов, Фазлиддин Ҳасанов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Абдумуқим Мамадҷонов, Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов дар курсии айбдорӣ қарор доранд.

Бо назардошти нақши ҳар кадоме, 9 тан аз зодагони Осиёи Миёна ба қатли 17 нафар ва ду суиқасд ба куштор, ҳамчунин бандитизм, ғоратгарӣ, ғайриқонунӣ тайёр кардану нигаҳдории аслиҳа ва дуздии ҳуҷҷатҳо айбдор карда мешаванд.

Тибқи фарзияи тафтишот, моҳи марти соли 2012 Убайдулло Субҳонов (бо шиносномаи қалбакӣ ба номи Усмонов) дар қаламрави вилояти Маскав гурӯҳи ҷиноятпеша созмон дода, ба сафҳои он танҳо зодагони кишварҳои осиёгиро ҷалб намудааст. Онҳо дар роҳҳо тасмаҳои оҳании дандонадори тез гузошта, автомашинаҳоро манъ мекарданд. Сипас ба ронадагон ва мусофирони он дарафтода, онҳро бо истифода аз силоҳ қатл ва чизҳои ҳалокшудагон, аз ҷумла сарулибоси онҳоро ҳам ғорат мекарданд. Пешвои гурӯҳ Убайдулло Субҳонов зимни муқовимати мусаллаҳона дар амалиёти боздошт кушта шуд.

Тӯли каме бештар аз 2 сол аз амалҳои ин гурӯҳ дар шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга 17 нафар кушта ва 2 тан захмӣ шуданд. Кам ҳолатҳое иттифоқ меафтодааст, ки ҷабрдидагон бо лату кӯбу таҳдидҳо халос мешудаанд. Фориғ аз содир намудани ҷиноятҳо аъзои гурӯҳ чун дигар муҳоҷирони корӣ маъмулан ба ҳайси ронандаҳои мусофиркашҳои хусусӣ, бинокор, қаровулу посбон ва ғайра кор мекардаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.