Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода пас аз як соли зиндон рӯзи 18 август ба озодӣ баромад.

Адвокати ӯ Хусрав Аюбӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон ӯ дар манзилаш назди аҳли оила ва наздиконаш қарор дорад. «Ҳозир мо барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон барои журналист ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ карда истодаем», - иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки  Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола  18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.