Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупусия» тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки ин ҷаласа дар партави ҳабси оммавии кормандони воломақоми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир гардид.

Директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода қайд кард, ки тағйироту иловаҳо бо мақсади мутобиқати қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупусия» ба Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои давраи солҳои 2013-2020 таҳия шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, тағйироту иловаҳо ба роҳандозии механизми таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар ташкилоту корхона ва дигар мақомоти давлатӣ нигаронида шуда, методологияи тартиб ва тарзу усули баргузории таҳлили фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз нигоҳи ҷой доштани хавфҳои коррупсионӣ дар онҳо аллакай таҳия ва амал мекунад.

«Мутобиқи ин методология, вазорату идораҳо уҳдадор мешаванд, ки аз рӯи натиҷаҳои сол дар бораи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ба Агентӣ ҳисоботи мфассал пешниҳод кунанд», - таъкид дошт номбурда.

Султонзода зикр кард, ки дар ҳар кадоме аз вазорату идораҳо гурӯҳҳо оид ба арзёбии хавфҳои коррпусионӣ таъсис дода мешаванд, ки намояндагони Агентии зиддифасод низ ба онҳо шомил мегарданд.

Дар навбати худ Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров сатҳи баланди коррупсия дар Тоҷикистон, бахусус миёни мансабдоронро қайд карда, даъват намуд, ки мубориза бо коррупсия бояд тавре роҳандозӣ гардад, ки ҳар як нафар ногузир будани ҷазо барои амали коррупсиониро дарк намояд ва «бояд бидонад, ки дер ё зуд барои содир кардани амали террористӣ ҷавоб мегӯяд».

Дар ҳамин ҳол, баъди ҷаласа рӯзноманигорон аз роҳбари Агентии зиддифасод хостанд, ки масъалаи ҳабси кормандони Агентиро шарҳ бидиҳад. Султонзода аз шарҳи масъала худдорӣ варзида, изҳор намуд, ки «ин махфӣ аст», вале бо кадом сабаб махфӣ будани масъаларо низ шарҳ надод.

Ахиран дар Тоҷикистон 17 корманди Агентии зиддифасод ба ҳабс гирифта шуданд, ки миёни онҳо собиқ муовини роҳбари Агентӣ Давлатбек Хайрзода, сардори Раёсати ташкилии ин ниҳод Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати тафтишот Фирӯз Холмуродов, собиқ муфаттиши Агентӣ Фирдавс Ниёзбадалов ҳузур дошта, боз як корманди Агентӣ - Умед Камолов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар худи Агентӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки ҳамаи шахсони боздоштшуда ҳанӯз то ба ҳабс гирифтанашон, аз вазифаҳояшон дар мақомоти зиддикоррупсия барканор шуда, вале аз шарҳи сабаби аз вазифа озод шудани онҳо худдорӣ варзиданд.