Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ба «Азия-Плюс» қазияи ҳабси собиқ кормандони воломақоми Агентиро шарҳ дод.

Дар посухи хаттӣ роҳбари Агентӣ маълумот медиҳад, ки вобаста ба тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон дода шудааст.

«Маълумотҳои дар васоити ахбори омма нашршуда, алалхусус оиди дарёфти маблағи пулии 35 млн. доллари ИМА аз хонаи модари Хайрзода д., 1 млн 300 ҳазор доллари ИМА ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии Холмуродзода Ф., халтаҳои пур аз маблағ, тилло ва сангҳои қимматнок аз бункери Ниёзбадалов (Абдуғаффорзода) Ф. асоси воқеӣ надоранд», - қайд мешавад дар посух.

Ҳамчунин дар посух сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов низ рад шудааст.

«Ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор ғайриимкон мебошад», - зикр мегардад дар посух.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ - Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Аз рӯи ин парванда рӯзи 1 май кормандони КДАМ муовини сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Фаридун Беназирзодаро дар кабинети кориаш боздошт карданд. То соли 2015 Беназирзода ба ҳайси муовини сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе кор мекард. Аз Хадамоти гумрук хабар доданд, ки Беназирзода аз кор озод шудааст.

Зикр гардида буд, ки боз яке аз кормандони Агентӣ - Умед Камолзода мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Падари Камолзода ба ВАО иттилоъ дод, ки ҳарчанд писараш аз кор дар Агентӣ озод шуда бошад ҳам, вале дар хона аст. Баъдтар дар бораи боздошти ӯ хабар мунташир шуда, вале тасдиқи ин маълумот то ҳол ғайриимкон аст.

Аз боздошту ҳабси кормандони воломақоми Агентии зиддифасод аллакай як моҳ сипарӣ шуда, вале ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ хомӯширо пеша кардаанд ва ба ҳеҷ гунае вазъро расман шарҳ намедиҳанд.