Нисбати се корманди бозори «Султони Кабир» аз рӯи далели сар задани сӯхтор ВКД Тоҷикистон мутобиқи моддаи 256-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
«Онҳо дар несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо оташ, дигар сарчашмаи хатараш зиёд, ки ба зиёни бузург ё оқибатҳои вазнин боис гардид, айбдор дониста мешаванд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон.
Ба онҳо дар шакли ҷарима ба маблағи то 50 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо таҳдид мекунад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, тақрибан ду моҳ пеш аз сӯхтори санаи 2 июн нозирони Сарраёсати оташнишонӣ аз рӯи натиҷаҳи санҷиши доиргардида дар бозори «Султони Кабир» се нафар масъулони таъмини бехатарии сӯхторро аз нуқсу камбудиҳои ҷойдошта огоҳ кардаанд.
«Санҷиши баъди сӯхтор нишон дод, ки ин кормандон ҷиҳати бартараф кардани нуқсу камбудиҳои қаблан ошкоршуда ҳеҷ тадбире наандешидаанд», - қайд кард манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 2 июн дар Маркази савдои бозори «Султони Кабир» сӯхтор сар зада, он масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
«Вырастешь и будешь дворником или уборщицей». Как усадить ребенка за уроки?
В результате аварии в Аште погибли три человека
Казахстанский монетный двор представил Нацбанку Таджикистана новые технологические возможности
Афиша от «Азия-Плюс»: One Run, «Бахчисарайский фонтан» и «Салом, Тобистон»
Срок содержания под стражей таджикистанцев, подозреваемых в теракте в «Крокусе», продлен
Почему стоит размещать рекламу на страницах «Азия-Плюс» в социальных сетях?
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
В Канибадаме прошёл «Business Forum G5»
В Таджикистан приедет глава МИД Китая
Как таджикистанцу оставаться на связи с семьей даже в другой стране
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста