Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев ба гумони даст доштан дар ифшои сирри давлатӣ боздошт шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шуда, аллакай муддати ду ҳафта аст, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки ӯ гӯё маълумоти махфиро тариқи почта ё мессенҷер ирсол карда будааст.
“То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, санҷиши мундариҷаи мукотиба ва ҳамчунин варақаҳои иттилоотие, ки ӯ ба хабарузориҳо мефиристод, идома дорад. Аз маҳз кадом маълумоту онро ба кӣ фиристоданаш ман хабар надорам”, - гуфт манбаъ.
Мувофиқи моддаи 311, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ифшои сирри давлатӣ), ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ӯ бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ӯ маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ӯ нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рақамҳои телефони Улуғхоҷаев муддати ду ҳафта аст, ки дастнорасанд. Охири ҳафтаи гузашта бошад, аккаунти ӯ дар Facebook фаъол буд ва аз номи ӯ алайҳи фаъолони ҷамъоварии имзоҳо ба президенти кишвар дар бораи бекор кардани қарори болоравии нархи интернет навишта (пост) нашр шуд. Лекин имрӯз аккаунти ӯ дар Facebook дастнорас аст.
Тибқи маълумоти баъзе ВАО, пас аз боздошти Муҳаммад Улуғхоҷаев раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба ҳамаи вазорату идора ва муассисаҳои давлатӣ мактуб фиристода, дар он огоҳ кардааст, ки “дигар котибони матбуотӣ бе иҷозаи раҳбарияти худ ба ифшои маълумот ва додани онҳо ба журналистон ҳуқуқ надоранд”.
Дар яке аз хадамоти матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Азия-Плюс” гирифтани чунин мактубро аз КДАМ тасдиқ намуда, дар дутои дигар хадамоти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки “онҳо бе ин ҳам мунтазам маълумотро бо раҳбарияташон мувофиқа мекунанд”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?
Обвиняемые в теракте в «Крокусе» не стали оспаривать продление ареста
С 11 июня вырастет плата за выдачу шенгенской визы
В Таджикистане в два раза снизилась цена на карбамид
Тихоходный экспресс. Как продвигается ускоренная индустриализация в Таджикистане?
ООН будет считать Зеленского президентом, несмотря на истечение срока его полномочий
В России предложили приравнять диаспоры к иноагентам
Пятый таджикский боец в UFC: кто он и когда подпишет контракт?
В Центральной Азии воды будет больше, чем в прошлом году
Лишенным гражданства России предложили право остаться в стране до 90 дней
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста