Сардори Раёсати тиббии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҚС КДАМ)-и Тоҷикистон полковник Ҷиёнхон Азизов ва муовини командири қисми ҳарбии ҚС КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ полковник Мирзодавлат Усмонзода ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, 30 июл шаҳрванд А.Умарова ба ин Агентӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки нисбат ба афсарони дар боло зикршуда чораҳои қонунӣ андешида шавад.
“Зеро М.Усмонзода барои бо сабаби беморӣ аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш Т.Маазамов маблағи калони пулӣ ба сифати пора талаб намуда, дар ду маврид маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва Ҷ.Азизов дар се маврид маблағи 17 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 8 ҳазор сомониро талаб намуда истодаанд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷ.Азизов баъди аз шаҳрванд А.Умарова гирифтани маблағи 8 ҳазор сомонӣ ба сифати пора дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
“Тафтишоти пешакӣ собит намуд, ки Азизов ва Усмонзода дар асоси маслиҳати пешакӣ, ҳамчун шахсони мансабдор барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколатҳои онҳо дохил мешавад, яъне дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани сарбози бемор Маазамов Т. ба сифати пора дар маҷмӯъ маблағи 40 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд”, - қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбати Азизов ва Усмонзода бо моддаи 319 КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Қаблан КДАМ Тоҷикистон дар бораи боздошти мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ полковник Ҷонибек Маҳмадзода хабар дода буд.
Полковник Ҷонибек Маҳмадзода аз ҷониби кормандони КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт шуд. Нисбати Маҳмадзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ бурда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В течение двух дней на территории Таджикистана ожидаются осадки, местами сильные
Сборная Таджикистана начала домашний турнир с трех медалей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 мая 2024 года
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста