Сокини ноҳияи Шаҳритус Содиқҷон Сувонқулови 51-соларо кормандони милитсия рӯзи 19 август аз рӯйи далели куштори бераҳмона ва суиқасд ба он боздошт карданд.

“Бевақтии ҳамон шаб ӯ дар ҳолати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш рафта, мебинад, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини маҳаллӣ муносибати маҳрамона дорад, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. - Гумонбаршаванда бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани мард зада, ӯро ба ҳалокат расонид”.

Гуфта мешавад, бо ин қонеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ба узвҳои баданаш ва зани 30-солаи сокини шаҳри Норакро, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ зарба задааст. Дар натиҷа занҳо бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон Содиқҷон Сувонқулов ба 26 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.