Сокини ноҳияи Варзоб Ҷаҳонгир Бобомуродови 26-сола ба корҳои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар Душанбе машғул буд. Ӯ ҳангоми гузаронидани амали сеҳру ҷодуи навбатиаш боздошт шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматии ҷабрдидагон пинҳон мекардааст.
“Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳоннамудаи худашро бароварда, гӯиё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, ба ин васила шаҳрвандон ба номбурда ҳамчун нафари сеҳргару ҷинбарор эътиқод намуда, ба ӯ маблағҳои пулӣ ва чорвои худро туҳфа мекардаанд.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.