Прокурори генералии Русия Игор Краснов ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додаанд, менависад ТАСС.

“Прокурори генералии Русия Игор Краснов 29 сентябр бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ташриф оварда, бо прокурори генералии ин кишвар Неъматулло Юлдошев дидору гуфтушунид мекунад”, - хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Гуфта мешавад, 30 сентябр Игор Краснов бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе раҳсипор мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.