Дар Панҷакент алайҳи сармуҳосиби мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба иттилои торнамои расмии Додситонии кулл, сармуҳосиб ин мактаб, Ҳусейн Маҷидов "зимни фаъолияти корияш бо мақсади ғаразнок ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб додааст. Ӯ дар санадҳо бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнаташро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронидааст".

Манбаъ мегӯяд, сармуҳосиб ин маблағро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда ба давлат ба микдори калон зарари моддӣ расидааст.

Додситонии шаҳри Панҷакент, алайҳии Маҷидов Ҳ, парвандаро бар асоси моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ карда, ба додгоҳ ирсол кардааст. 

Ин тизор меравад имрӯз, ҳукми Додгоҳи шаҳри панҷакент дар баробари Маҷидов эълон шавад.

Қодекси ҷиноӣ барои нафароне, ки бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба ҷиноятӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” мезананд ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо пешбинӣ кардааст.

Ҳамзамон нисбати касе, ки тибқи моддаи 323 ҷазо мегирад дар асоси қонун ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.