Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, аз натиҷаи тафтиши пешакии Додситонии кулли кишвар, ки гуфта мешуд, ӯ худкушӣ кардааст, норозианд.
Онҳо бо ирсоли ду нома ба Додситонии кул, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” ҳам расид, дархост кардаанд, ки санҷиши минбаъдаи парвандаи Манораро шахсан Додситони кул зери назорат гирад.
Дар ин номаҳо волидонаш аз кори муфаттишони додистонии Файзобод ва Додситонии кулл, ки парвандаро таҳқиқ кардаанд, нигаронӣ карда, афзудаанд, ки маҳз бепарвогӣ ва хунукназарии муфаттишон сабаб шудааст, ки беш аз 8 моҳ ба гуфтаи онҳо, ҷинояткорон дарёфт ва нисбаташон ҷазо таъин карда нашудааст.
Онҳо иддао доранд, ки дар рафти тафтиши парванда баъзе ваҷҳҳо, махсусан набудани изи ангушти духтараш дар корде, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст, захмҳои мухталиф дар гардан ва шикам, ҳамчунин, шахсоне, ки дар лаҳзаҳои охир бо духтараш буданд ва панҷ дақиқа пас аз маргаш аз хонаи ӯ баромаданд, инчунин, шоҳидии духтарони хурдсоли марҳуму шоҳидони зиёди дигар пурра санҷида нашудааст.
- Тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ, Абдуалимзода Манора дар натиҷаи муносибати бераҳмонаи хешовандон худро ба марг расонидааст. Дар ҳолеcт, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки сабаби марги Манора ин ба худкушӣ расонидани ӯ мебошад, пас чаро нисбати шахсони мушаххас парвандаи ҷиноятӣ оғоз намекунад? Шояд авфи навбатиро интизор аст, то гунаҳкорон бо татбиқи авф аз адои ҷазо озод карда шаванд, - зикр намудаанд наздикони Манора дар мактубашон ба додситонӣ.
Онҳо бар ин назаранд, ки духтарашонро маҳз хешовандони шавҳараш, аз ҷумла хушдоманаш, хоҳари шавҳараш (қайсингул) ва шавҳари хоҳарарӯсаш ба худкушӣ расонидаанд ва онҳо барои ин кирдорашон бояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
- Тибқи баёноти шоҳидони зиёде, ки дар парванда мавҷуданд, ҳамчунон тибқи баёноти тарафи муқобил муносибати аҳли оилаи шавҳар бо келин (Манораи Абдуфаттоҳ-дар назар аст) басо бад буд. Яъне аз тарафи хушдоман хоҳари шавҳараш ҳамвора фишори ҷисмониву рӯҳӣ нисбати Манора татбиқ мешуд,- омадааст дар мактуб.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Додситонии кулли кишвар тафтиши пешакии далели марги Манораи Абдуфаттоҳ худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, - омадааст дар маълумот.
Додситонии кулл гуфта буд, ки сарфи назар аз далелҳои пешакӣ, тафтиши парванда идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, падари Манора - Абдуфаттоҳ Мисоқов бовар надорад, ки духтараш худаш ба ҷисмаш бо корд 26 зарба зада тавониста бошад ва он ҳам бисёри зарбаҳо дар қисмати гардан.
Қаблан падари Манора дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, як сол боз даҳҳо мактуб навишта, аз мақомот тафтиши одилонаи марги духтарашро хостааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан прокуратураи ноҳияи Файзобод бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, вале касе аз рӯйи ин далел гумонбар дониста нашуд.
Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонии Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодааст.
Таджикистан озеленит более 4 тысяч гектаров до конца 2025 года в рамках программы «Зеленая страна»
Россия передала Таджикистану более 300 тысяч учебников по русскому языку
Узбекистан предложил соседям взаимно признать внутренние паспорта. Как это могло бы работать?
Финансовые учреждения Таджикистана окончили Академию зеленых финансов ЕБРР
Эмомали Рахмон посетит Москву для участия в саммите СНГ, - СМИ
Дуров заявил, что его спутница потеряла ребенка после его ареста в Париже
Таджикский футболист Шахром Самиев стал обладателем Кубка Узбекистана-2024
Маск впервые выступил на предвыборном митинге Трампа. Что сказал?
Игорь Черевченко вернулся на тренерский мостик душанбинского «Истиклола»
В Казахстане поддержали строительство первой в Центральной Азии АЭС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста