Сӯҳроб Юсуфов, як кирокаши тоҷик бо иттиҳоми зӯроварӣ ва таҳқири маъмури амният дар Русия то 16-уми феврали соли 2024 ба ҳабс гирифта шуд. “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки ҷузъиёти ин ҳодисаро равшан кунад.
Дафтари матбуотии муштараки додгоҳҳои Маскав хабар медиҳад, ки Сӯҳроб Юсуфови 21-сола бо иттиҳоми “зӯроварӣ нисбат ба маъмури амният” (қисми 1-и моддаи 318-и Кодекси ҷиноии Русия) ва “таҳқири мансабдори давлатӣ” (моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Русия) муттаҳам мешавад.
Ба фарзияи тафтишот, ронандаи 21-сола ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат рӯзи 15-уми декабр ба афсари милиса “итоат накард”, “ба ҳаёт ва саломатии маъмури амният хатар эҷод кардааст”.
Сӯҳроб Юсуфов ба ин қарори додгоҳ эътироз кардааст.
Як шоҳиди ин ҳодиса, имрӯз, 18-уми декабр, ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодиса шоми 15-уми декабр дар назди бозори “Садовод” рух дод ва боиси нигаронии муҳоҷирон гардид.
Ба гуфтаи ӯ, кирокаши тоҷик барои гирифтани мизоҷ назди ин бозор рафта ва гӯё роҳи корманди милитсияро банд кардааст.
“Корманди милитсия эътироз кард, ки “мошинатро гир” ва дигар сабр накарда, омада, ронандаро аввал бо дубинка зад ва баъдан бо “электрошокер” беҳуш кард”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, он лаҳза “корманди мақомоти Русия либоси мулкӣ дошт”.
Ӯ афзуд, ки ҳодисаро тоҷикони дар атроф буда диданд ва ба ин кирдори корманди милитсия эътироз баён карданд. Корманди милитсия барои пароканда кардани ҷамъи тоҷикон кормандони дигари милитсия ва “ОМОН”-ро ба кӯмак даъват кард.
“Кормандони милитсия ва “ОМОН” омада, бе пурсиш дастикам 80 нафар тоҷике, ки барои ҳимояи ҳамватанашон ҷамъ омада буданд ва сабаби ин кирдори ӯро мепурсиданд, ба мошинҳо бор карда, бурданд”, - гуфт манбаи мо.
Милитсия беҳуш шудани ронандаро тадсиқ мекунад, вале мегӯяд, “ҳангоми ёрӣ ба боздоштшуда як гурӯҳ шаҳрвандони хашмгин ҷамъ омада, бо буридани чарх ба мошини хидматӣ зарар расонданд”.
Нисбати беш аз 80 тоҷике, ки барои ҳимояти ҳамаваташон ҷамъ омада буданд, тибқи банди авбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё иқомат дар ин кишвар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Аммо маълум нест, ки чанд нафар дар боздошт мондаанд ва барои чанд рӯз.
Бояд гуфт, ки “Садовод” яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Маскав аст ва теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам дар ин бозор аз сӯи кормандони мақомоти амниятӣ ва милитсияи Русия мавориди фишор ва рафтори ғайриқонунӣ нисбати муҳоҷирон расонаӣ шудааст.
Аз ҷумла, моҳи августи имсол кормандони милитсияи Русия дар бозори “Садовод” 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро, агарчи аксарият санади дуруст ва мутобиқ ба қонун доштанд, боздошт карданд. Сабаби ин боздоштро мақомоти Русия шарҳ надоданд.
Выпускницы программы TechGirls про опыт поездки в США. Как стать участницей проекта в 2025 году?
В ООН заявили о росте производства опиума в Афганистане
Международный банк Таджикистана открыл новый Центр обслуживания в Пяндже
Туман и риск схода селей: КЧС вновь предупредил таджикистанцев
Новые горизонты для единоборств. Даврон Джураев стал главой Азиатской федерации ММА
В Таджикистане обнаружили останки динозавра, датируемые 85 миллионами лет
На АЗС «Газпромнефть» в Душанбе встретили участников международного автопробега Tro-Phy-Gital Tour
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста