Дар робита ба қазияи “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 8 нафар гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад.
Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гуморбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид.
“Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, - гуфт Музофиров.
Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд.
Ҳамзаалӣ Музофиров гуфт, дар асоси далелҳои шайъӣ ҳоло 8 нафар дар боздошт қарор доранд, ки ҳамшарикони 2 нафар гумонбари асосии тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб мебошанд. Онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа доштаанд ва ҳамкорӣ мекардаанд.
“Ҳатто онҳо ҷиноятҳои содир кардаашонро навор гирифта мефиристодаанд. Аксарияти шариконашон шиносоӣ шудааст ва ҳоло онҳо ҳам боздошт хоҳанд шуд. Ба парванда ба ин хотир муҳри махфӣ зада шудааст”, - шарҳ дод иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб.
Ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Шахсияти онҳо маълум нест.
Аввали моҳи январ Радиои Озодӣ хабар дод, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми январи имсол дар назди хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шудааст.
Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст.
«Когда работаешь с людьми, нужно идти к ним с добротой». Памяти Махкама Аслонова
В Душанбе открыли мультибрендовый магазин Urban Plaza
В Туркменистане миллионные призовые «Аркадага» отдали на благотворительность — футболисты остались без поддержки
Зеленский прилетел в Турцию, Путин нет. Что сказал Трамп?
Андрей Рогачев о секретах мультикультурного менеджмента и культурного интеллекта в бизнесе
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
Милиция Душанбе усиливает контроль за парковкой возле мусорных площадок
Таджикистанец Сарвар Хамидов дождался нового соперника в лиге PFL
В Душанбе на линии выйдут 30 электробусов отечественной сборки
Талибы закрыли единственную в Афганистане киностудию
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста